Рубрики Хабарҳо

Назари хонанда: Дар бораи нерӯи барқ ва маводи сӯхт

Шароити табиии Тоҷикистон, дарёҳои кӯҳӣ ба монанди Вахш, Панҷ, Зарафшон, Варзоб ва дарёчаҳои Бадахшон, барои рушд ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ ( НБО ) дар минтақаи Осиёи Марказӣ хеле қулай мебошад. Ин соҳа барои рушд ва тавлиди неруи барқи обии нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, дурнамои калон дорад ва яке сабабҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон, нақши муҳим мебозад. Тоҷикистон, аз ҷиҳати захираи обии нерӯгоҳҳои барқӣ, дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷои 8 – ум ва миёни кишварҳои ИДМ ( собиқ Шӯравӣ) дар ҷои дуюм пас аз Русия меистад. 

Дар як худи дарёи Вахш, НБО – ҳои зиёд ба монанди Бойғозӣ, Сарбанд, Марказӣ, Сангтуда – 1, Сангтуда – 2, Норак,Роғун, дар дарёи.Сир НБО- и Қайроққум, “Дӯстии халқҳо”, дар дарёчаи Варзоб НБО-ҳои Варзоб – 1, 2, 3, дар дарёчаҳои Бадахшони Кӯҳӣ, Помир – 1, Тоҷикистон ва боз бисёр НБО – ҳои хурдро сохта ба истифода дода шудааст.

Дар охирҳои соли 2014, иқтидори нерӯгоҳҳои барқии  Тоҷикистон ба 5457 МВт расид, аз ҷумла нерӯгоҳҳои обӣ 5039 МВт ва маркази барқи гармидиҳии Душанбе ва Ёвон 418 МВт – иқтидорро ташкил медиҳад. 

 Дар соли 2014 нерӯгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон 16,4 млрд. кВт соат нерӯи барқ истеҳсол намуданд, соли 2018 истеҳсоли нерӯи барқ қариб ба 20 миллиард кВт расонда шуд.

Вале сатҳи рушди иқтисодӣ, беҳбудии зисти аҳолӣ, инчунин амнияти миллӣ нигаронкунанда аст. Бояд кишвар соҳиби пешрафти устувори соҳаҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва таъмини хуби аҳолӣ бо нерӯи барқ ба як ҷомеъаи муосир мубаддал мегашт. Вале афсус.

Дар солҳои охири Шӯравӣ Тоҷикистон на танҳо дар байни давлатҳои иттифоқ, балки аз бисёри давлатҳои ҷаҳон беҳтару хубтар истеҳсолотро бо барқ таъмин менамуд, ва хонаҳои мардум доимӣ фурӯзон буд. Аҳолӣ на танҳо, камбудии барқро ҳис намекард, балки бо нархи хеле арзон аз 2 – тин то 4 – тин, асосан бо нерӯи барқии обӣ таъмин буд. 

Аз соли 2000-ум, ба ҷои беҳтар намудани вазъи тахъмини аҳолӣ бо барқ, сол то сол дар ҷумҳурӣ норасоии барқ бештар мешуд. Дар фасли зимистон аҳолӣ ранҷ мекашид, корхонаҳо зиён медиданд ва бо маҳдудиятҳои шадид, бисёр корхонаҳо зарари ҷиддӣ дида, ба ҳадде мерасанд, ки муфлис мешаванд.

Барои рушди ин соҳа Бонкҳои ҷаҳонӣ, кишварҳои Чин, Русия, ИМА, Эрон, Иттиҳоди Аврупо ва шаҳрвандони Тоҷикистон маблағгузори менамоянд. Танҳо як худи Бонки рушди Осиё дар ин соҳа аз соли 1998 то ҳол 1 миллиарду 540 млн. доллар сармоягузори кардааст. Боз то охири соли 2020 кӯмакҳои бузурги молиявӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2010 бо ташаббуси президенти Тоҷикистон, Э. Раҳмон, аҳолиро барои дастгирии сохтмони Роғун даъват карданд. Дар натиҷа аҳолии кишвар бо миқдори зиёда 890 млн. сомонӣ (бо арзиши асъори хориҷӣ зиёда 200 млн. доллари амрикоӣ) саҳмия хариданд. 22 000 нафар аҳолӣ соҳиби сертификати номии 5000 сомонӣ шуданд, ки банда низ яке аз онҳоям. 

Дар соли 2018 дар кишвар 19,7 млрд. кВт соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд. Дар соли 2020 – ум истеҳсоли нерӯи барқи Тоҷикистон то 26 млрд. киловат соат расонда мешавад. Ду агрегати НБО – и Роғун  ба кор даромад, вале Ҳукумати ҷумҳурӣ ва намояндагони Маҷлиси Олӣ, бо тағйири қонуни моликияти давлатӣ-стратегӣ дошта ба иштибоҳи бузург роҳ доданд, ки ин баробари ба рӯи миллат туф кардан баробар аст. Яъне, қонуни хусусӣ гардонидани ду иншооти бузурги давлатӣ, ширкати НБО – и Роғун ва ширкати алюминбарории ТАЛКО-ро ба тасвиб расонданд. Дар охири моҳи январи соли 2020 маълум шуд, ки НБО – и Рогун, аз ширкатҳои масолеҳи сохтмони ворид кунанда 1 млрд қарздор шудааст. 

Аз оғози сохтмони НБО – Роғун, 57 – сол гузашт, агар касри буҷа бошад, монед бо ду агрегати кориаш, боз 50 – соли дигар истад, вале моли миллат бошад! 

Бо вуҷуди истеҳсоли қувваи барқи арзон, фурӯши он, бо арзиши гарон ба аҳолӣ, истеҳсолоти дохилӣ, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ба роҳ монда шудааст. 

Дар айни замон ” Барқи тоҷик ” аз давлат қариб 23 млрд. сомони қарздор аст. Чаро то имрӯз ягон нафар ба ҷавобгари кашида нашудааст? Ҳол он ки даҳҳо нафар ҷавобгар аст! 

Аз рӯи маълумоти Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ширкати Барқи Тоҷик, дар соли 2018, 2 миллиарду 402 млн. сомонӣ ва дар тӯли 6 – моҳи аввали соли 2019 – ум 811,9 млн сомонӣ, қарзи ин ширкат афзудааст. Яъне дар тӯли 1,5 – сол Барқи Тоҷик, 3 миллиарду 213,9 млн сомонии давлатро ғорат карда аст. 

Дар 11 – соли охир Ҳукумати ҷумҳурӣ барои миллати худ 9 – маротиба нархи барқро боло бурд.

Соли 2008 – 4,8 дирам буд.

Соли 2009 – 7,5 дирам.

Соли 2010 – 9,00 дирам.

Соли 2012 – 11,00 дирам 

Соли 2014 – 12,6 дирам.

Соли 2016 – 14,65 дирам.

Соли 2017 – 16,85 дирам.

Соли 2018 – 19,37 дирам.

Соли 2019 – 22,66 дирам шуд.

Пешбини шудааст, ки дар солҳои оянда ҳар сол зиёда ду дирамӣ, боз арзиши барқ бардошта шавад. Мансабдорон баҳонае пеш меоранд, ки қимати барқ дар Тоҷикистон, нисбати дигар давлатҳо поёнтар аст. Вале ягон нафари онҳо намегуяд, ки моҳонаи миёнаи муаллим дар Олмон, дар як моҳ 5110 доллар, дар Қазоқистон 311 доллар. Дар Тоҷикистон муаллим дар як моҳ ҳудуди 100 доллар моҳона  мегирад ва аз ҳамин моҳонаи ночиз барои обуна, ободонии шаҳр ва ё ноҳия ва ғайра ситонида мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин соҳаи даромаднок корро бояд давом диҳад. Пеш аз ҳама сохтмони НБО Шуроб, зарур аст, чунки дар оянда яке аз нерӯгоҳҳои таъминкунандаи барқ барои заводи алюминбарории ТАЛКО ба шумор меравад, бояд аз ҳозир маблағгузорӣ намуд. Иқтидори он 862,5 МВт аст. Пас аз бо пурраги ба истифода додани НБО – ҳои Роғун ва Шӯроб, иқтидори НБО – ҳои дарёи Вахш ба 9207,5 МВт расонда мешавад.

Боз яке аз дарёҳои захираи оби барқи дошта, дарёи Панҷ, аз лиҳози, водиҳои кӯҳии танг доштани дарё, барои сохтмони НБО – ҳо хело қулай ва ба мақсад мувофиқ аст.

Дар аввали соли 2016, воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, хабар доданд, ки дар дарёи Панҷ, бунёди 14 НБО – бо иқтидори аз 250 МВт то 4000 МВт ( ҳамагӣ 9350 МВт ) 

бо тавлиди қувваи барқ, дар як сол то 86,3 млрд. кВт/соат, истеҳсол, ба истифода дода мешавад.

Яке аз аввалини онҳо НБО – и Даштиҷум мебошад, ки иқтидори он 4000 МВт, ҳаҷми обгунҷоиши обанбор 17,6 млрд м³, баландии сарбанд 320м, НБО аз 12 агрегат иборат буда, истеҳсоли солонаи он ба 15,6 млрд. кВт/соат баробар аст. Пас аз сохта шудани НБО – ҳо дар дарёи Панҷ, на танҳо Тоҷикистону Афғонистон, балки кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ бо нерӯи барқ таъмин карда мешавад. Обанборҳо захираи зиёди обро ҷамъ намуда, метавонанд аҳолии Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро бо оби ошомиданӣ ва обёрӣ таъмин кунанд, ки тақрибан 2 млн. гектар замин обёрӣ карда мешавад. 

Барои таъмин намудани аҳолии вилояти Суғд, бо қувваи барқ, аз нерӯи офтобӣ, дар кулли ноҳияҳо ва якчанд НБО – ҳо дар дарёи Зарафшон бо сохтани обанборҳо ва интиқоли як қисми оби Зарафшон ба ноҳияи Деваштич, оғоз карда шавад. Аз ҳисоби оби интиқол шуда, якчандто нерӯгоҳҳои хурд бо обанборҳояш сохта шуда, заминҳои ҳосилхези солҳои сол бекорхобидаро обёрӣ намуда, дар он заминҳо кишти зироатҳои ғалладонагӣ, сабзавот, обчакорӣ ва току богдориро дар ноҳияҳои Деваштич ва Истаравшан васеъ карда мешавад. Аз ин ҳисоб аҳолии маҳаллиро бо ҷои кор ва онҳоро бо озуқавории тозаи экологӣ таъмин кардан мумкин.

Дар шароити ноҳияҳои кӯҳӣ, вақте, ки қисмати болоиро обёри карда мешавад, боз як қисми об дар қисмати поёнӣ, дар шакли чашмаҳо мебарояд ва бори дигар истифода бурда мешавад. Нуқтаҳои аҳолинишини нав ба вуҷуд меояд, маҳалҳои аҳолинишини беоб ва ё кам обро бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешавад. Барои амали намудани ин лоиҳаҳо сармояҳои дохилӣ ва хориҷиро ҷалб кардан ба маврид мебуд. 

Рӯзи 28 – уми январи соли 2020, дар шаҳри Тошканд, оиди сохтмони ду нерӯгоҳҳои обӣ дар дарёи Заравшон, гуфтугӯи гурӯҳи кории ду кишвар оғоз шуд. Дар доираи лоиҳа қарор аст, дар марҳалаи аввал, неругоҳи Ёвон, бо иқтидори 140 МВт, бо арзиши 282 миллион доллар сохта мешавад. Дар навбати дуюм, Фондарё, бо иқтидори 135 МВт, бо харҷи 270 миллион доллар бунёд карда мешавад. Ин ду нақшаи нерӯи барқи, аз руи шартномаи байни давлати сохта мешавад. 

Сохтани ин неругоҳҳо барои ҷумҳурии Узбекистон ду авлавият дорад: 

– аввалан қувваи барқро ҷумҳурии Узбекистон, истифода мебарад;

–  сониян, дар поён оби дарёи Зарафшон, вилоятҳои Самарқанд, Навои ва Бухоро ҷойгир шудааст, ки дар фасли тирамоҳ, зимистон ва баҳор обҳои, дар сарбандҳо захира шударо дар фасли тобистон, барои обёри сарф карда мешавад. Ҳоло дар давраи бо ном истиқлол, шахсоне аз ҳисоби давлат ва миллат сарватманд шудаанд, ки дороии калони ҳангуфт ва даромади ҳаррӯзаи бузург доранд, ки яко яки онҳо қудрат ва тавоноии сохтани НБО – ҳои хурдро доранд. Аз онҳо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба неругоҳи Роғун чашм ало накунеду даст ба сохтани неругоҳҳои хурд бизанед. Аввалан ҷои корӣ ташкил мекунанд, дар ояндаи наздик даромади беназирро ба даст меоранд. Ва ба насли ояндаи худ корхонаи истеҳсолкунандаи барқ ва заминҳои обёришавандаро мерос мегузоранд.

Боз роҳи дигари мушкилии барқро ҳал намудан, аҳолиро бо гази табиӣ таъмин кардан зарур аст. Вақте, ки аҳолӣ ва истеҳсолот бо гази табиӣ, таъмин карда мешавад. Ҳазорҳо кВт соат қувваи барқро сарфа намуда, натанҳо аҳолӣ бо барқ таъмин мешавад, балки бақияи онро, бо нархи арзанда, ба хориҷи кишвар фурӯхта мешавад. Ӯзбекистон аз Тоҷикистон барқ мегирад ва ба ивази барқ гази табииро талаб кардан ва ё шартнома бастан магар мушкил аст? Солҳо Федератсияи Русия ин сӯзишвории арзонро аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон бо миқдори зиёд харидори намуда ва ба мамлакатҳои Туркия ва Иттиҳоди Аврупо мефурӯшад. Дар оянда Иттиҳоди Аврупо ният дорад, ки худ, гази табиии Осиёи Марказиро ба Аврупо бикашад. 

Мисоли дигар ҷумҳурии Чин гази табиии Туркманистонро бо се қубур, қубури А, Б, С, бо қаламрави Ӯзбекистон ва Қазоқистон кашида истодааст. Ҳоло қубури Д – ро аз қаламрави Тоҷикистон, ки аз водии Ҳисор ва Рашт мегузарад, 9000 гектар ва ё аз инҳам зиёдтар, заминро ҷудо карда аст, ки гази табииро ба Чин мекашанд. Вале мо дар ҳамсоягии ин кишварҳо зиндагӣ мекунем.

 Барои ворид намудани, дигар намуди сӯзишвориро, аз тарафи соҳибкорон набояд шахс ва ё ҳукумат моъне шавад. Балки аз шаҳрвандон даъват карда шавад, ки тамоми намуди сӯзишвориро, соҳибкорон бемалол ворид намоянд. 

Танҳо, қимати бензини ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро меорам, худ хулоса намоед:

1. Тоҷикистон –      $ 0,98

2. Қиргизистон –    $ 0,65

3. Қазоқистон   – $ 0,56

4. Ӯзбекистон    – $ 0,52

5. Туркменистон –  $ 0,43

Дадоҷон Ёқубов

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *