Рубрики Хабарҳо

Таъсири поёнравии асъор ба қарз

Оиди чӣ тавр пайдо шудани пулҳои коғазӣ пештар дида баромада будем, ки ба ҷои пулҳои коғазӣ пулҳои маъданӣ истифода мешуд, тангаҳои тиллову нуқра, меду пулод, ки дар таркиби худ арзиш дошт. Аммо имрӯза пулҳои коғазие, ки дар даст дорем, чӣ тавре, ки муайян гардид, дар таркиби сохти худ ҳеҷ арзише надоранд, аз коғази оддӣ сохта шудаанд, вобаста ба иқтисоди ҳар як кишвар, қуввати иқтисоди воридоту содироти ҳар як давлат сохта мешаванду қурб доранд.

Вақте дар давлат пулҳои коғазӣ нисбат ба маҳсулоти вуҷуд дошта зиёдтар чоп мешавад, қурби пули он кишвар поён меравад, баръакс вақте маҳсулоти давлат афзоиш меёбад, нархи маҳсулот поён рафта, қурби пул боло меравад.

Пулҳои коғазӣ дар қурби худ устувор нестанд. Яке поён мераванд, яке боло мераванд. Ҳеҷ нафаре, замонат дода наметавонад, ки қурби ҳаминсолаи сомон ва ё рубли русӣ дар соли оянда  тағйир намеёбад, дар ҷояш меистад. Ҳоло 210 сомон баробари 50 кг орд ҳаст, Худо медонад, оё дар соли оянда дар ҳамин вақт ба 210 сомон 50 кг орд медиҳанд ё на, шояд арзонтар гардад ва ё баръакс боз болотар барояд.

Уламои иқтисод пас аз омӯхтани болову поёншавии қурби пулҳо ба хулосае омаданд, ки пулҳои коғазӣ қобили эътимод нестанд ва ҳар нафаре, ки дороии худро бо шакли пулҳои коғазӣ захира мекунад, молу мулкашро хатари бузург таҳдид мекунад, зеро мо намедонем, ки пулҳои коғазӣ оё дар қурби худ меистанд ё на. Бар хилофи тиллову нуқра, замину чорво, ки ҳамеша дар худ арзиш доранд.

Мавзӯи дигаре, ки назари аксари уламои иқтисод ва ҳатто мардуми оддиро ба худ ҷалб мекунад, ин қарзҳои дарозмуддати бефоизе ҳастанд, ки бо пули коғазӣ додугирифт мешаванд.

Барои мисол шумо даҳсол пеш ба нафаре, фарз кунем ба як шахси наздикатон сесад сомон қарз дода будед, он вақт сесад сомон баробари сад доллар буд, бо сесад сомон мешуд то шаш халта орд харид. Он нафари аз шумо қарз гирифта, ҳамин сол пас аз даҳ сол маблағи сесад сомони гирифтаашро ба дасти шумо дод, алъон сесад сомон баробари си доллар аст, бо сесад сомон танҳо як халта орд медиҳад. Қурби сомони даҳ сол пештара бо қурби сомони имрӯза аз осмон то замин фарқ дорад. Албатта онҳое, ки қарзҳои дарозмуддати бефоиз дода буданд, зарар мекунанд.

Аз тарафи дигар вақте ба маҳр нигоҳ мекунем, чӣ тавре, ки медонем аз шартҳои никоҳ маҳр мебошад, ҳар як издивоҷе, ки мувофиқи Шариат ақд баста мешавад, бояд дар он миқдори моли муайяне, ҳамчун маҳр ба арӯс дода шавад. Баъзан дар ақди никоҳ миқдоре аз пулро, ҳамчун маҳр муайян мекунанд, фарз кардем маҳри як арӯс панҷ сад сомон таъйин карда мешавад. Албатта домод маъзарат мехоҳам, алалхусус домодҳои тоҷикӣ маҳри ба гарданашон бударо ба зудӣ пардохт намекунанд, пас аз солҳо вақте маҳри ҳамсар пардохт мешавад, дигар он маблағ қадри дар вақташ доштаро надорад. Барои мисол хоҳаре понздаҳ сол пеш бо маҳри се ҳазор рубли руси издивоҷ карда буд, он замон бо се ҳазор рубл метавонист ду ангуштари тилло харад, шавҳараш он се ҳазорро ҳамин сол ба дасташ дод, ҳоло бо он маблағ як ангуштари арзон метавонад хараду бас. Албатта дар ин ҳолат ҳамсар зарар дид.

Барои бартараф кардани ин гуна зарарҳо баъзе уламои иқтисод бар ин фикранд, ки дар вақти додани қарз, пулҳои коғазӣ ба нарху наво муқоиса шаванд. Бо нарху навои колое, ки одатан дар байни мардум ҳамеша қадар доранд. Тилло, нуқра, озуқавориҳои захира мешуда, мисли орд, биринҷ ва аз қабили инҳо.

Вақте даҳ сол пеш ба касе мабағи ду халтаи ордро қарз дода будем, он шахс бояд ба мо маблағи ду халта ордро баргардонад. Агарчӣ маблағ дар миқдор фарқ кунад ҳам, бояд ба қиммати орд нигоҳ карда пардохт шавад. Даҳ сол пеш сад сомон дода будем, он замон бо сад сомон мешуд ду халта орд харид ҳоло шахси қарз гирифта бояд маблағи ду халта ордро ба мо баргардонад, ки ҳудуди чорсаду бист сомонро ташкил мекунад.

Ин қавли баъзеи уламои иқтисод аст, имом Яъқуб ибни Иброҳим, ки бо лақаби Абуюсуф  машҳур ҳастанд ва аввалин шогирди Имом Абуҳанифа мебошанд ба ин раъёй ҳастанд, мегӯянд дар вақти қарзҳои маблағи додан пулҳоро бояд бо нархи коло ҳисоб кунем.  

Дар вақти қарз додан пулро бо коло ҳисоб кардан, хеле оқилона ба назар мерасад, аммо ҷумҳури уламои шариат ин фикрро хилофи шариат ва рибои маҳз протсентхӯрии ошкор мешуморанд. Имом Абуҳанифа, Имом Молик, Шофеъи, Аҳмад инчунин тамоми уламои муосир, ки дар Ҷамъияти Фатвои Уламо иштирок доранд, ҳама иттифоқ ҳастанд, ки дар вақти қарздиҳӣ чанд сум дода бошӣ, бояд ҳамон сумро гирӣ. Ҳоло фарқ надорад, ки он маблағ қурбаш поён рафт ё боло. Барои он ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадисе, ки дар Бухориву Муслим ва китобҳои мӯътабари дигар ривоят шудааст, мефармоянд:

الذهب بالذهب وزنا بوزن مثلا بمثل و الفضة بالفضة وزنا بوزن مثلا بمثل فمن زاد او استزاد فهو ربا

Вақте тилло гирифтед, мисли худаш, вазни худаш тилло баргардонед, вақте нуқра гирифтед, мисли худаш нуқра ва ҳамон вазни гирифтаатонро баргардонед, ҳар касе, ки зиёдтар бидиҳад ва ё зиёдтар талаб кунад, рибо аст, дар ҳақиқат рибо хӯрдааст.

Пулҳои коғазӣ ва ё ҳар пуле, ки ҳам бошад мисли тиллову нуқра дар байни мардум арзиш дорад.

Вақте ба касе сад сомон қарз медиҳем, сипас пас аз солҳо он сад сомон арзиши чорсад сомони ҳозираро дошт гӯё,н чорсад сомон меситонем, албатта рибо ҳисобида мешавад.

Ҳар маблағ бояд ҳамон миқдори додашудааш баргардонида шавад.

Ин қавли ҷумҳури уламо аст ва албатта бо далелу ҳуҷҷат баён шудааст. Агар ба қавли уламои иқтисод ва ба раъйи Абуюсуф амал кунем, роҳҳои рибохурӣ кушода мешавад ва дар баёни мардум рибо паҳн мегардад, аммо агар ба қавли тамоми уламои дигар амал кунем, нафароне, ки қарзҳои дарозмуддати бефоиз медиҳанд, баъзан зарарҳои ҷиддӣ мебинанд.

Барои аз масъала хориҷ шудан, то ки барои қарзгирандаву қарздиҳанда зарар наояд, инҷо якчанд тавсияҳоро зикр мекунем:

Дар вақти қарз додан баҷои пул, агар бо тиллову нуқра ва ё колоҳои ҳамеша арзиш дошта мисли биринҷу орд додугирифт шавад, ҳарду тараф хатари хасорати зиёд диданашон ба маротиб камтар аст. Вақте ба касе ба ҷои пул ҷавоҳиротеро қарз додед ва гуфтед, ҷавоҳирот чанд грам дошта бошад, ба ман ҳамон қадарро бармегардонӣ, ин намуди қарздиҳӣ ҷоиз аст ва ҳамеша қарзи додаи шумо дар арзиши худ меистад, агарчӣ қурби пул поён равад ҳам, арзиши тилло қадри худро гум намекунад.

Дар вақти маҳр муайян кардан низ, агар маҳрро бо пул неву бо тилло ва ё нуқра ва ё ҳатто чорво муайян карда бошанд, пас аз солҳо он маҳрро зан ба дасташ гирад, маҳри арзишмандеро соҳиб мегардад ба хилофи пул, ки пас аз солҳо шояд қурбаш поён равад.

Ба иттифоқи уламо, агар яке пули қарздодаро давлат сӯзонад ва пулҳои нав чоп кунад, қарзҳои додашуда бо қурби пули пештара ба нарху наво нигоҳ карда, ҳисоб карда мешавад.

Инчунин, ба иттифоқи уламои муосир, агар шахси қарзгирифта бо шахси қарздода иттифоқ кунанд, ки пулҳои чанд сол пеш гирифта ба нарху наво ҳисоб карда пардохт мекунанд, ҷоиз аст, зеро ҳар ду тараф иттифоқ карда, розӣ ҳастанд.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *