Рубрики Хабарҳо

Хонуми турк намояндаи СММ дар Тоҷикистон таъин шуд

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш Сезин Синаноғлуро ба ҳайси Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон бо розигии ҳукумати давлати мизбон таъйин кард. 

Хонум Синаноғлу таҷрибаи 25-сола дар соҳаи рушд дошта, аз ҷумла 22 сол дар Барномаи Рушди СММ кор кардааст. Аз моҳи июли соли 2015 ӯ ҳамчун Ҳамоҳангсози доимии СММ ва ҳамзамон то охири соли 2018 ба ҳайси Намояндаи доимии БРСММ дар Босния ва Ҳерсеговина фаъолият намудааст.

То ин дам ӯ Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Муғулистон буд. Синаноғлу  ҳамчунин дар Хонум Синаноғлу дар Ироқ, Туркманистон ва Қирғизистон, инчунин дар Барномаи ихтиёриёни СММ дар Бонни Германия вазифаҳои баландро ишғол кардааст.

Хонум Синаноғлу инчунин ба ҳайси шаҳрсоз дар ҳукумати Туркия ва дар бахши хусусӣ дар ИМА то соли 1995-  то замони ба Барномаи Рушди СММ дар Туркия ба сифати корманди барномавӣ ҳамроҳ шудан фаъолият намудааст.

Хонум Синаноғлу дорои дараҷаи бакалавр аз рӯи ихтисоси банақшагирии шаҳрӣ ва минтақавӣ ва дараҷаи магистр аз рӯи ихтисоси банақшагирии шаҳрии Донишгоҳи Техникии Шарқи Наздик дар Анқара мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *