Тоҷикистон ба карантини онҳое шурӯъ кард, ки аз Эрон, Куреёи ҷанубӣ, Ҷопон ва Итолиё бармегарданд. Ҳамчунин мақомоти тоҷик лағви парвозҳо ба Кобулро ба далели шуйӯъи вируси коруно дар ин Афғонистон баррасӣ мекунанд.
Аз рӯзи 26-уми феврал ҳамаи онҳое, ки аз Ҷопон, Куреёи Ҷанубӣ, Итолиё ва Эрон вориди хоки Тоҷиктстон мешаванд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вирус дар Тоҷикистон гирифта шудааст.
Имкон дорад рӯзҳои наздик парвози хатсайри Кобул-Душанбе қатъ карда шавад. Қаблан мақомоти Тоҷикистон парвозҳо ба Чину Эронро ба далели густариши вируси коруно дар ин ду кишвар қатъ карда буданд.
Дар ҳамин ҳол коруно бо суръат дар кишварҳои ҷаҳон паҳн мешавад. Шоми дирӯз аз расидани ин вирус ба Покистон, Утриш, Македониё ва Брозилиё хабар дода шуд.
Шумори гирифторон ба вирус ва ҷонбохтагон аз он дар Эрон ҳам дар ҳоли афзоиш аст. Тибқи иттилоъи шоми дирӯз, дар ин кишвар 141 нафар мубтало ва 19 ҷонбохта ба қайд гирифта шудааст.