Хушунати байни ҳиндуҳо ва мусулмонон дар Деҳлӣ 23 кушта ба ҷо гузошт
Даргириҳо байни ҳиндуҳо ва мусулмонон дар Деҳлӣ, пойтахти Ҳинд то кунун 23 кушта ба ҷо гузоштааст.
Оруин Каҷрвол сарвазири Деҳлӣ, хоҳони ҳузури артиш дар бахше аз ин шаҳр шудааст.
Ҳамчунин гуфт бояд муқаррароти омадурафт дар ин ноҳия, ки хушунати фирқае дар он рӯх медиҳад, барқарор шавад.
Бино ба гузоришҳо, 189 нафар захмӣ шудаанд ва ба фурӯшгоҳҳо ва хонаҳои мусулмонон осеб расонда шудааст. Қурбониён аз ҳарду тарафи даргирӣ ҳастанд.
Рӯзноманигороне, ки аз наздик шоҳиди даргириҳо ҳастанд, пулиси Деҳлиро муқасир медонанд, ки таҳти контроли давлати марказӣ аст ва мегӯянд иқдомоти лозимро барои ҷилавгирӣ аз ғорат ва оташ задан нагирифтааст.
Рӯзи якшанбе байни тарафдорон ва мухолифони қонуни ҷадиди шаҳрвандӣ заду хӯрд сурат гирифт. Мунтақидон мегӯянд ин қонун зидди мусулмонон аст.
Қонуни шаҳрвандӣ чист?
Дар декабри 2019, Маҷлиси аъёни парлумони Ҳинд лоиҳаи шаҳрвандии муҳоҷирони ғайрмусалмон аз кишварҳои ҳамсояро тасвиб кард.
Мунтақидони давлат мегӯянд, ки ин лоиҳа бахше аз дастури кори давлати миллигаройи ҳинду барои ба ҳошия рондани дусад миллион мусулмони ин кишвар ва иҳонате ба усули баробарӣ дар қонуни асосӣ аст. Бо ин ҳол давлат табъизомез будани ин барномаро рад мекунад ва мегӯяд ҳадафи он кумак ба ақаллиятҳо барои фирор аз саркӯб аст.
Тасвиби ин тарҳ дар маҷлиси авом, ба тазоҳуроти хашмолуд дар шимоли шарқи кишвар доман зада буд.
Ин лоиҳа эътои шаҳрвандӣ ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Афғонистон, Бангладеш ва Покистонро, ки мусулмон набошанд осон мекунад.
Додгоҳи олии Деҳлӣ гуфтааст, ки иҷоза намедиҳад рӯйдоде монанди рӯйдоди 1984 рух диҳад. Дар он рӯйдод, беш аз 3000 сикх дар шӯришҳои зидди сикхҳо кушта шуданд.
Нориндро Мудӣ, нахуствазири Ҳинд рӯзи чаҳоршанбе, се рӯз пас аз шурӯъи задухӯрдҳо дар твитте хостори барқарории оромиш шуд.
Ӯ афзуд, ки авзоъро баррасӣ карда ва пулис талош мекунад, ки онро ба ҳолати оддӣ баргардонад.
Сониё Гондӣ, раҳбари ҳизби мухолиф хостори истеъфои вазири дохилӣ шуд ва гуфт ӯ “масъул”-и хушунат аст.
Сарвазири Деҳлӣ вазъиятро “нигаронкунанда” тавсиф кард ва аз артиш хоста дахолат кунад.
Нооромӣ дар навоҳие, ки аксарият мусулмон ҳастанд монанди Моҷпур, Мустафообод, Ҷаъфаробод ва Шеввиор дар шимоли шарқи Деҳлӣ рӯх додааст.
Хиёбонҳо дар ин манотиқ пкр аз санг, шишаҳои шикаста ва худравҳое сӯхтааст ва дуди бархоста аз хонаҳои оташ гирифта фазоро пур кардааст.
Рӯзи чаҳоршанбе гузоришҳои тозае аз хушунатҳо ирсол нашуда аммо Деҳлӣ ҳамчунон ноором аст.
Гузоришгари Бибисӣ гуфтааст сокинони мусулмон дар Мустафообод ба далели тарс аз даргириҳои бештар дар ҳоли тарки хонаҳои худ ҳастанд.
Бисёре, аз ҷумла рӯзноманигорон твит кардаанд, ки афроде ба думболи ҳувияти динии мардум буданд.
Дасти кам яке аз аккосон гуфта аз ӯ хоста шуда шалворашро аз тан дароварад то ҳувияти динии ӯ мушаххас шавад.
Ин мавзӯъ тайи шӯришҳои мазҳабӣ дар гузашта ҳам иттифоқ афтода буд то ҳувияти мусулмонон аз рӯйи хатна мушаххас шавад.