Рубрики Хабарҳо

Пойгоҳи озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакии Кореяи Шимолӣ фурӯ рехтааст

Донишмандони ларзашиносии  Чин гуфтаанд, ки пойгоҳи озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ  бар асари ларзаҳои ношӣ аз инфиҷорҳои озмоишии моҳи сентябри соли гузашта,  фурӯ рехта ва эҳтимолан ба ҳамин далел корношоям шудааст. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш Кореяи Шимолӣ  эълом кард, ки ин пойгоҳро таътил мекунад ва аз фаъол намудани истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ даст мекашад.

Дар ин бора бахши форсии хабаргузории  ББС иттилоъ додааст.

Дар ин пойгоҳ, ки  дар минтақаи Пайунагӣ-Райи Кореяи шимолӣ ҷойгир аст, аз соли 2006 то имрӯз 6 маротиба озмоиши инфиҷори силоҳи ҳастаӣ суръат гирифтааст.

Бинобар иддаои донишмандони чинӣ, пас аз охирин озмоиш дар ин пойгоҳ, ки моҳи сентябри соли гузашта суръат гирифтааст, бахшҳое аз кӯҳ ва девораҳои атрофи ин пойгоҳ фурӯ рехтааст.

Рӯзи шанбеи гузашта, Ким Чен Ун, президенти Кореяи Шимолӣ дар остонаи дидор бо Мун Ҷеин, президенти Кореяи ҷанубӣ эълом кард, ки озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакии худро мутаваққиф мекунад ва ин пойгоҳро ҳам таътил хоҳад кард.

Акнун бо таваҷҷуҳ ба иддаои донишмандони чинӣ эҳтимолан эъломи ин тасмим аз сӯи Кореяи Шимолӣ ба тахриб шудани пойгоҳи озмоиши  ҳастаӣ рабт дорад.

Натиҷаҳои таҳқиқоти Донишгоҳи улум ва фановарии Чин дар маҷаллаи “Геофизика”, ки яке аз нашриёти иттиҳодияи геофизикаи Амрико аст, мунташир хоҳад шуд.

Дар ин мақолаи таҳқиқӣ омада, ки ҳаштуним дақиқа пас аз озмоиши ҳастаии моҳи сентябри соли гузашта, як девора болои таҷҳизоти маркази идоракунии пойгоҳ фурӯ рехтааст.

Пойгоҳи ҳастаии Пайунагӣ-Рай дар дили  қаторкӯҳҳои шимолу шарқии Кореяи Шимолӣ воқеъ буда, озмоишҳо дар тоннелҳои зеризаминии ин пойгоҳ суръат мегирад.

Дар хулосаи як сафҳаии ин мақолаи таҳқиқӣ омадаааст: «Резиши эҳтимолӣ ба чоҳҳои аслии пойгоҳ чунон осеб ворид кардааст, ки дигар анҷоми озмоишҳои бештар дар ин пойгоҳро номумкин месозад.»

Маврид ба зикр аст, ки Ким Чен Ун, президенти Кореяи Шимолӣ чанде пеш ризоияти худро барои мулоқот бо Доналд Трамп, президенти Амрико эълом кард ва гуфт, ки омода аст бо президенти Амрико дар бораи халъи силоҳи ҳастаии Кореяи шимолӣ гуфтугӯ анҷом диҳад ва ба тавофуқ ояд.

Ҳамчунин Доналд Трамп,  президенти Амрико  дар нишасти хабарии муштарак бо нахуствазири Ҷопон санаи 18 апрели соли ҷорӣ, изҳор дошт, «ҳамон тавр, ки медонед, дар ҳафтаҳои оянда бо Ким Чен Ун мулоқот хоҳам кард, то дар бораи халъи силоҳи ҳастаии нимҷазираи Корея гуфтугӯ кунам. Умедворам ин мулоқот як муваффақияти бузург бошад.»

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *