Рубрики Хабарҳо

Дар Арманистон интихоботи парлумонии пеш аз мӯҳлат баргузор мешавад

Иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон пешниҳод кард, ки дар ин кишвар интихоботи парлумонии пеш аз мӯҳлат баргузор шавад.

Карен Карапетян, иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон дар як нишасти худ бо хабарнигорон гуфтааст, ки барои поён додан ба буҳрони сиёсӣ, интихоботи парлумонии ҷадид бояд  дар ин кишвар баргузор шавад.

Дар ин бора хабаргузории Ройтерз иттилоъ додааст.

Армен Саркисян, президенти Арманистон низ гуфтааст, музокира бо  мухолифинро барои ҳалли буҳрони ду ҳафтаӣ дар ин кишвар оғоз кардааст.

Серж Саркисян, собиқ президент ва сарвазири Арманистон, дар натиҷаи  ба кучаҳо рехтани мардум бо мухолифат ба ишғоли мақоми сарвазирияш,  22 апрел аз мақоми сарвазирӣ истеъфо дод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *