Рубрики Хабарҳо

Мулоҳизаҳо дар бораи тарки анъанаи 11-сола. Чаро суханронии солонаи Путин лағв шуд?

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар рӯзҳои поёнии соли 2022 ҳастем ва ҳанӯз хабаре аз суханронии солонаи раисҷумҳури Русия дар парлумони ин кишвар нест, як андешакадаи амрикоӣ мегӯяд тасмими Владимир Путин барои ба таъхир андохтани як суханронӣ ба ин муҳиммӣ ба соли ояндаи нишон медиҳад, ки ӯ “дар мавриди тавоноии худ дар шакл додан ба фазои иттилоотии Русия” сардаргум аст ва он ҳам далеле наметавонд дошта бошад ҷуз ин, ки ҷанге, ки Путин дар Укроин ба роҳ андохта натоиҷи матлубро барои ӯ дар бар надоштааст. 

Дар гузорише, ки асри чаҳоршанбе 14 декабри 2022 тавассути муассисаи амрикоӣ мутолиоти ҷанг (ISW) мунташир шуда, омадааст, ки ба думболи шикастҳои низомии Русия дар Укроин, барномаҳои Путин барои эъломи як пирӯзӣ ҳам нақши бар об шудааст. Ишораи ин андешакада ба ақибнишинӣ аз минтақаи Киев ва шимоли Укроин ва ҳамчунин адами тавоноии Русия дар ҳифз ва контроли манотиқе аст, ки дар ибтидо эълом шуд тавассути Маскав ба хоки Русия замима шудааст. 

Бо ин тариқ, ин аввалин бор дар 11 соли гузашта хоҳад буд, ки Путин суханронии поёнии солонаи худро лағв мекунад. 

Ин гузориш ба таври хос ба суханронии 2014 ишора дорад ва менависад, ки дар он замон Путин пас аз илҳоқи ғайриқонунии хоки Укроин “фурсатро ғанимат шумурд” ва суханронии худро ба мавзӯъи илҳоқи Крим ихтисос дод. Ҳарчанд имсол низ интизор мерафт пас аз тасарруфи бахшҳои дигаре аз хоки Укроин бори дигар Путин аз ин рӯйдод дар ҷиҳати манофеъи худ баҳр бардорӣ кунад, ки феълан ба муддати номаълуме ба таъхир афтодааст. 

Тавҷеҳ кардани ҳазинаҳои ҷанг осон нест? 

Бар асоси гузориши муассисаи мутолиоти ҷанг, “шояд Путин ҳанӯз мунтазир ва умедвор аст бо дасти пур аз як пирӯзии бузург дар соли 2023 суханронии худро ироа кунад ва ё шояд мехоҳад он қадар ин суханрониро ба ақиб биандозад то дар ниҳоят эътироф кунад, ки Русия наметавонад ба аҳдофи ҳадди аксарии худ дар Укроин даст ёбад.” 

Ин андешакада меофзояд, ки ин амр ба хотири ин аст, ки “Путин эҳтимолан қудрат ва эътимодбанафси лозим ҷиҳати тавҷеҳ кардани хароҷоти ҷанг бар масоили дохилӣ ва равобити хориҷии Русияро барои мардум ва нухбагони ин кишвар надошта бошад.” 

Маъмулан раисҳои ҷумҳури бархе кишварҳо ба таври суннатӣ дар ҷамъи намояндагон ва мунтахабони мардум ҳозир шуда ва суханронии худро баргузор мекунанд, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон ҳар сол ба парлумон паём медиҳад ва ба қавли расонаҳои ҳукуматӣ “як соли ояндаи кишварро муайян мекунад”. Дар Русия низ аз соли 1994 раисҷумҳур дар ду Маҷлиси парлумони Русия суханронӣ кардааст. 

Дар рӯзҳои ахир хабаргузории давлатии “ТАСС” гузориш додааст, ки суханронии Путин имсол (2022) баргузор нахоҳад шуд ва эҳтимолан ба соли 2023 гузаронида мешавад. 

Муассисаи мутолиоти ҷанг бо ишора ба гумонзаниҳо дар Русия дар мавриди таърихи суханронии раисҷумҳур хотирнишон мекунад, ки Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл аз мардуми Русия хост то барои мушаххас шудани замони дақиқ ин суханронӣ баҳс накунанд ва ба думболи ҷавоб аз тариқи “гирифтани фоли қаҳва” набошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *