Рубрики Хабарҳо

Русия дар Тоҷикистон маркази омӯзиши бинокорон таъсис доданист

Анҷумани миллии бинокорони Федератсияи Русия қасд дорад, дар Тоҷикистон марказҳои омӯзиши бинокорон барои кор дар Русия ташкил кунад. Созишномаи дахлдор миёни Ассотсиатсияи миллии бинокорон (НОСТРОЙ) ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дирӯз 14 декабр ба имзо расид.

Гуфта мешавад, дар ин марказҳо асосҳои касбро омӯхта, баъди супоридани имтиҳон шаҳодатномаи касбӣ гирифтан мумкин аст. Ин шаҳодатнома барои дарёфти маоши баландтар дар Русия мусоидат мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *