Рубрики Хабарҳо

Таваррум бештар аз ҳама дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст

Нимсолаи аввал сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Ӯзбекистон 4,6 дар сад ва Тоҷикистон — 4,3 дар садро ташкил дод, хабар медиҳад Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ).

Гуфта мешавад, сатҳи нисбатан баландтари таваррум дар давраи зикршуда дар ду кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра мизони таваррум дар Қазоқистон 4,2 дар сад, Беларус – 3,4 дар сад, Қирғизистон – 3 дар сад, Русия – 2,6 дар сад,   Украина – 2 дар сад,  Озарбойҷон – 1,5 дар сад,   Молдова – 1,1 дар сад,   Арманистон – 1 дар сад-ро ташкил додааст.

Дар бораи нишондиҳандаҳои Туркманистон дар ин самт маълумот дода нашудааст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, сатҳи баланди таваррум дар ин давра дар натиҷаи болоравии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ (7,5 дар сад) ба вуҷуд омад. Нархи маҳсулоти ғайриозуқаворӣ ва тарифҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ ба андозаи 0,6 дар сад афзуданд.

Дар ин давра аз ҳама бештар арзиши картошка (45,4 дар сад), маснуоти макаронӣ (22,7 дар сад), орди гандумӣ (17,7 дар сад), маҳсулоти нонӣ (13,5 дар сад) гази моеъ (13,8 дар сад), билетҳои ҳавопаймоӣ (30 дар сад) боло рафтааст.

Гуфтанист, соли гузашта сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 8 дар сад-ро ташкил дод. Бонки миллии Тоҷикистон дар нақша дорад, ки сатҳи таварруми имсоларо дар сатҳи 7 дар сад нигоҳ дорад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, сабаби болоравии сатҳи таваррум, асосан аз ҳисоби омилҳои таклифотӣ, пеш аз ҳама авҷ гирифтани пандемияи коронавирус (COVID-19), ки дар натиҷа ба кам гардидани пешниҳоди баъзе аз маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, маҳдуд шудани тиҷорати байналхалқӣ, паст будани сатҳи рақобатнокӣ дар бозорҳои дохилӣ, инчунин таъсири омилҳои мавсимӣ замина гузошт, арзёбӣ мегардад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *