Рубрики Хабарҳо

Ҷанги Укроин: Пентагон кумаки иттилоотӣ барои ҳадаф гирифтани генералҳои русро такзиб кард

Талоши Ғарб ва Аврупо барои дар тангно қарор додани иқтисоди Русия ва эъмоли таҳримҳои тоза алайҳи Маскав дар ҳоле ҳамчунон идома дорад, ки шарқи Укроин ҳамчунон даргири набардҳо миёни нерӯҳои таҳти амри Киев ва низомиёни рус аст. 

Дар Мариупол, корхонаи оҳангудозии Азовстал ба охирин сангари нерӯҳои муқовамат табдил шуда ва Созмони милали муттаҳид ба тозагӣ аз фиристодани корвони тоза барои тахлияи ғайри низомиёни сангаргирифта дар ин бандари муҳим ва стратегии минтақаи Донбасс хабар додааст. 

Ин дар ҳолест, ки мақомоти укроинӣ ҳамчунон Маскавро ба адами пойбандӣ ба ваъдаҳои дода шуда барои таваққуфи ҳамалот ҷиҳати фароҳам шудани заминаи тахлияи ғайри низомиён муттаҳам мекунанд. 

Шаҳрдори Мариупол мегӯяд бар асосм арзёбиҳои баамаломада ҳудуди 200 ғайринизомӣ дар шароити бисёр сахт дар туннелҳои зерзаминӣ муҷтамеъи Азовстал, ки дар даврони Шӯравии собиқ сохта шуда буд, паноҳ гирифтаанд. 

Охирин хабарҳо ва рӯйдодҳои вобаста бо таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин дар рӯзи ҷумъа шашуми май 2022-ро дар ин гузориш думбол кунед. 

10:25 

Ҳудуди 500 ғайринизомӣ зарфи чанд рӯзи гузашта аз Мариупол хориҷ карда шудаанд 

Мақомоти укроинӣ рӯзи ҷумъа эълом карданд, ки тайи рӯзҳои ахир наздик ба 500 ғайринизомӣ аз Мариупол, бандари стратегии минтақаи Донбасс, ки тавассути нерӯҳои артиши Русия таҳти муҳосира қарор гирифта, берун оварда шудаанд. 

Киев ҳамчунин бо ишора ба идомаи ҳамалоти нерӯҳои низомии Русия ба рағми ваъдаи оташбаси додашуда барои тахлияи ғайринизомиён таъкид кард, ки амалиёти тахлия ҳамчунон идома дорад. 

Созмони милали муттаҳид рӯзи ҷумъа аз фиристодани корвони дигар ба шаҳри Мариупол барои мушорикат дар анҷоми амалиёти тахлия ва ҳамроҳии ғайринизомиёни паноҳгирифта дар корхонаи Азовстал хабар дод. 

Аз сӯи дигар муовини нахуствазири Укроин низ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Фаронса таъкид кард, ки ин амалиёт идома дорад ва тамаркузи аслӣ дар рӯзи ҷумъа бар тахлияи ғайринизомиёни боқимондаест, ки шумори онҳо ҳудуди 200 нафар тахмин зада мешавад. 

10:14

Нерӯҳои муқовимати укроинӣ дар Азовстал сари таслим надоранд 

Ҷангҷуёни Азов, ки ба ҳамроҳи шумори дигаре аз нерӯҳои муқовимати укроинӣ дар туннелҳои зерзаминии корхонаи оҳангудозии Азовстал дар шаҳри Мариупол дар баробари ҳамалоти низомиёни рус истодагӣ мекунанд сари таслим надоранд 

Ассошиэйтед-Пресс дар гузорише ба нақл аз ҳамсари яке аз фармондеҳони нерӯҳои муқовимати укроинӣ дар охирин сангари боимонда дар шаҳри стратегии Мариупол ба нақл аз ин нерӯҳо қавл дода, ки то охир истодагӣ хоҳанд кард. 

Ситоди кулли артиши Укроин рӯзи ҷумъа эълом кард, ки “муҳосираи воҳидҳои нерӯҳои дифоъӣ дар минтақаи Азовстал идома дорад” ва русҳо бо пуштибонии ҳавоӣ, амалиёти таҳоҷумиро барои контроли корхонаи густурда аз сар гирифтаанд. 

09:44

Вазорати дифоъи Олмон: Берлин 7 сомонаи тӯпхонаии “Ҳувитзер” (гаубица) ба Укроин ирсол мекунад 

Давлати Олмон мегӯяд, ки қасд дорад барои кумак ба артиши Укроин ҷиҳати муқобила бо ҳамалоти низомиёни Русия таслиҳоти бештаре дар ихтиёри Киев қарор диҳад. 

Вазорати дифоъи Олмон дар ҳамин росто эълом кард, ки давлат бо ирсоли таслиҳоти сангини бештар ба Укроин мувофиқат кардааст. 

Кристина Ламбрехт, вазири дифоъи Олмон рӯзи ҷумъа дар ҷараёни дидор бо низомиёни кишвараш, ки дар Словакия мустақар ҳастанд аз тасмими Берлин барои ирсоли ҳафт сомонаи тӯпхонаии Ҳувитзер ба Укроин хабар дод. 

Ин иқдом пас аз тағйири умда дар сиёсати Олмон барои ирсоли таслиҳоти сангин ба Укроин аз ҷумла сомонаҳои зидди ҳавоӣ “Гепард” сурат мегирад. 

09:27

Путин: Нерӯҳои Русия ба шарти таслими ҷангҷуёни Азов омодаи фароҳам кардани каридори амн ҳастанд 

Раисҷумҳури Русия, ки нерӯҳои таҳти амраш пештар дар Мариупол эъломи пирӯзӣ карда буданд барои фароҳам кардани долони амни инсонӣ ҷиҳати тахлияи ғайри низомиён аз охирин сангари муқовамат дар ин шаҳр шарт таъйин кард. 

Путин мегӯяд, ки нерӯҳояш омодаи ҳамкорӣ барои тахлия ва убури амни ғайринизомиён аз корхонаи фӯлоди Азовстал ҳастанд, аммо пеш аз он нерӯҳои муқовамати укроинӣ бояд худро таслим кунанд. 

Раисҷумҳури Русия ба нерӯҳояш фармон додааст ба ҷой ҳамла ба ин муҷтамеъ, ки туннелҳои зерзаминии он ба паноҳгоҳи нерӯҳои муқовамати укроинӣ ва ғайринизомиён табдил шудааст, онро таҳти муҳосира қарор диҳанд. 

Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои боқимондаи укроинӣ дар дохили корхонаи оҳан муташаккил аз ҷангҷуёни ҳанги (полки) Азов, бархе туфангдорони баҳрӣ (морская пехота), марзбонон ва нерӯҳои полиси шаҳр мегӯянд, ки Маскав оташбасро риоят накарда ва ҳамалоти Русия ҳамчунон идома дорад. 

Гуфта мешавад, ки шабакаи туннелҳои зерзаминии Азовстал дар замони ҷанги сард барои истифода ба унвони паноҳгоҳи ҳастаӣ тарроҳӣ ва сохта шуда буд. 

09:38

CNN: Амрико ба Укроин дар ғарқ кардани нови ҷангии Русия кумаки иттилоотӣ додааст 

Шабакаи хабарии CNN ба нақл аз манобеъи огоҳ эълом кард, ки иттилооти вазорати дифоъи Амрико пештар ба Укроин барои ҳадаф қарор додани як киштии ҷангии Русия мавриди истифода қарор гирифтааст. 

Дар ин гузориш иддао шудааст, ки ҳамлаи моҳи гузаштаи нерӯҳои укроинӣ ба нови ҷангии Русия, ки бо мушакҳои Нептун сурат гирифт бо истифода аз кумаки иттилооти Иёлоти муттаҳида анҷом шудааст. 

Манобеъи огоҳ ба CNN гуфтаанд, ки нерӯҳои укроинӣ бо мушоҳидаи як киштии ҷангии русӣ дар баҳри Сиёҳ, бо масъулони амрикоӣ тамос гирифтаанд то итминон ҳосил кунанд, ки ин киштӣ дар воқеъ ҳамон размнови русии “Маскав” аст. Иёлоти муттаҳида низ ин масъаларо таъйид кард ва иттилооте дар бораи мавқеияти ин киштии ҷангӣ ироа дод. 

Ба гуфтаи ин манобеъ, Иёлоти муттаҳида дар тасмим барои ҳамла ба ин киштии ҷангӣ нақше надошта ва мушаххас нест, ки оё дар хусуси тасмими Укроин барои анҷоми ин ҳамла иттилоъ доштааст ё на. 

08:25

Сафири Укроин дар Созмони милал: Барои дастёбӣ ба сулҳ бояд аз ҳар фурсате истифода кард 

Сафири Укроин дар Созмони милали муттаҳид, сарони ин ниҳоди байналмилалӣ ва чандин кишвари узв рӯзи панҷшанбе хостори баҳра бурдан аз фурсатҳои мавҷуд барои поён додан ба ҷанг шуданд. 

Намояндагон чандин кишвари узв ва низ руасои Созмони милал, бидуни ишора ба эҳёи раванди мутаваққифшудаи гуфтугӯҳо миёни тарафҳои даргир дар Укроин, хостори поён ёфтани ҳар чӣ сареътари таҳоҷуми низомии Русия шуданд. 

Антонио Гутриш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар нишасти Шӯрои амният, ки ба дархости Вашингтон ташкил шуда буд, бори дигар аз таҳоҷуми Русия ба Укроин ба унвони “нақзи тамомияти арзии ин кишвар ва низ маншури Созмони милал” ёд кард ва афзуд: “Ба нафъи мардуми Укроин, Русия ва кулли ҷаҳон аст, ки ин ҷанг ҳар чӣ зудтар мутаваққиф шавад.” 

08:05 

Пентагон ҳар гуна кумаки иттилоотӣ барои ҳадафи қарор гирифтаи генералҳои русӣ дар Укроинро рад кард 

Ню-Йорк Темз ба нақл аз вазорати дифоъи Амрико эълом кард, ки Пентагон барои ҳадаф қарор гирифтани афсарони аршади артиши Русия дар Укроин ҳеҷ гуна кумаки иттилоотӣ ба Киев накардааст. 

Ҷон Кёрби, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико бо ради хабарҳои мунташиршуда мабнӣ бар кумаки иттилоотии Пентагон барои ҳазфи генералҳои русӣ гуфт: “Мо иттилооте дар бораи маҳали фармондеҳони аршади низомӣ дар майдони набард ироа намедиҳем, ва ҳамчунин дар тасмимгириҳои ниҳоии артиши Укроин барои таъйини аҳдофи ҳамалот мушорикат надорем.” 

Сухангӯи Пентагон дар айни ҳол таъйид кард, ки Иёлоти муттаҳида барои кумак ба укроиниҳо ҷиҳати дифоъ аз кишварашон дар баробари таҳоҷуми низоми Русия “аносири иттилоотӣ дар ихтиёри Киев қарор медиҳад.” 

08:11 

Қаиқи тафреҳии як олигархи рус ба дархости Иёлоти муттаҳида дар Фиҷи боздошт шуд 

Вазорати додгустарии Амрико рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки мақомоти Фиҷи ба дархости Иёлоти муттаҳида, як суперқаиқи тафреҳии мутааллиқ ба як олигархи русро, ки ҳадафи таҳримҳои муртабит бо ҷанг дар Укроин будааст, тавқиф кардаанд. 

Ба гуфтаи Вашингтон, киштӣ ба арзиши 325 миллион доллар мутааллиқ ба Сулаймон Каримов, тоҷир, миллиардер, сиёсатмадор ва олигархи доғистонӣ аст, ки  ҳадафи таҳримҳои Аврупо ва Амрико қарор гирифтааст. 

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки Сулаймон Каримов бахши умдае аз сарвати худро аз саҳоми ширкатҳои бузурги энерҷӣ ва молии Русия аз ҷумла Газпром ва Сбербанк ба даст овардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *