Муфтиёти Қирғизистон ба хоҳиши Вазорати тандурустии ин кишвар оид ба маҳдуд кардани шумор намозгузорон дар намози ҷумъаро қатъиян рад кард. Вазорати тандуруфтӣ аз муфтиёт хоҳиш кард ба хотири пешгирӣ аз вируси COVID-19 шумори намозгузорон дар масоҷидро танзим кунад.
Нашрияи қирғизии . бо такя ба сухангӯи муфтиёт хабар медиҳад, Максат Атабаев хабар медиҳад. ки ин ниҳод аз Вазорати тандурустӣ оид ба ҷорӣ кардани карантин дар масоҷид нома гирифтааст, вале муфтиёт ҳақи манъи вуруди одамон ба мачоҷидро надорад.
“Намози ҷумъаро манъ кардан имкон надорад. Ҷумъа рӯзест, ки мусалмонон онро беш аз ҳар рӯзи дигар интизорӣ мекашанд. Мо наметавонем ба онҳо бигӯем, ки ин рӯзро ҷашн нагиранд ва ба масҷидҳо наоянд. Ин хилофи шариат аст. Намози ҷумъа дар масҷид хонда мешавад, на дар хонаҳо” – гуфтааст Атабаев.
Сухангӯи муфтиёти Қирғизистон гуфтааст, ки ислом мухолифи чораҳои пешгирӣ аз беморӣ нест. “Мо бояд аз Худо кӯмак хоҳем ва ҳар нафар бояд худашро эҳтиёт кунад. Вале манъи намози ҷумъа бинобар имкони гирифторӣ ба коруно дуруст нест” – изҳор доштааст ӯ.
Дертар муфтиёти Қирғизистон хабар дод, ки имомон дар намози ҷумъа дар бораи чораҳои пешгирӣ аз вируси коруно хоҳанд гуфт.