Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 6 март Шоҳин Саидзодаро, ки қаблан ба асардуздӣ муттаҳам шуда буд, раиси Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм таъйин кард.
Шоҳин Саидзода писари Нуриддин Саидзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва вазири пешини маориф мебошад. Ӯ қаблан ба асардуздӣ муттаҳам шуда буд.
Асардуздии писари вазири маорифи Тоҷикистон, ду сол пеш, замоне, ки дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд аз тарафи пойгоҳи Диссернет . Бар асари ин фошкорӣ Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия тавсия дод Шоҳин аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум карда шавад.
“Диссернет” навишта буд, ки писари вазири маориф дар рисолаи номзадиаш саҳифаҳои зиёде аз рисолаҳои чанд олими рус, аз ҷумла Дмитрий Коземаслов, Галина Качкина, Любов Родина ва Ирина Розуман рӯйбардор карда, танҳо калимаи “Русия”-ро бо калимаи “Тоҷикистон” иваз кардааст.
Шоҳин Саидзодаи 36-сола хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Ӯ аз соли 2017 дар вазифаи муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф фаъолият дошт. Соли 2016 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро соҳиб шуда буд.