Рӯзноманигори тоҷик Далери Имомалӣ билофосила баъди нишасти хабарии раиси Амонатбонк Сироҷиддин Икромӣ ба шӯъбаи ин бонк рафт ва бо сабти наворе дурӯғи раисро собит кард.
Раиси Амонатбонк дар нишасти матбуотиаш, ки имрӯз, 4 феврал баргузор шуд гуфт пули нақд ҳамеша дар шӯъбаҳои бонкаш вуҷуд дошта, мушкиле дар хариди онҳо пеш намеояд.
Соате пас аз нишасти хабарии раиси Амонатбонк рӯзноманигор Далери Имомалӣ ба яке аз шӯъбаҳои бузурги ин бонк дар Душанбе рафт ва бо сабти наоврӣ ба хазинадорӣ он барои хариди доллар муроҷиъат кард.
Хазинадор гуфт ҳамагӣ 50 доллар дорад. Ба суоли рӯзноманигор, ки оё бештар пайдо намешавад, ӯ гуфт танҳо дар сурате, ки ягон кас ба ӯ доллар фурӯшад. Аммо баъди он ки рӯзноманигор худро муаррифӣ кард ва гуфт, ки сабт мекунад, хазинадори Амонатбонк пурсид “ба шумо чӣ қадар лозим аст?”
Далери Имомалӣ бо пахши ин навор навиштааст:
“Даъват кардед рафтем.
Аввалин нишасти матбуоти ва шояд охиринҳам бошад барои ман. Дар бинои нави бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, имрӯз соати 9 нишасти матбуоти баргузор шуд. Ҳарфҳои ба воқеият наздику дур зиёд шунидем аз тарафи масъулин. Рост ба чор нуқтаи “Амонатбонк” дар ш. Душанбе рафтам ва яке аз масъалҳои доғи бонкҳои кишварро камакак навор гирифтем. Муҳтарам раис воқеият дигар аст. Наворҳои баъди давоми рӯз пахш мешаванд. Фақат хоҳиш ба ин амали мо аз руи инсоф назар кунед. Худатон ку рӯзноманигоронро ба ҳамкорӣ даъват кардед”.
Раиси Амонатбонк дар ин нишасташ онҳоеро, ки мехоҳанд доллар харанд ба тиҷорати соягӣ айбдор кард. Ӯ гуфт “Онҳое, ки мехоҳанд доллари нақд харанд, асосан ба фаъолияти соягӣ машғуланд. Онҳо мехоҳанд аз мақомоти андоз пинҳон монанд. Ингуна соҳибкоронро мо дастгирӣ намекунем. Аммо онҳое, ки ба тиҷорати шаффоф машғуланд, ҳисоби бонкӣ доранд, нақшаи тиҷоратӣ муайян доранд, мушкиле нест: барои ин хел одамон дар бонкҳо ҳамеша асъор вуҷуд дорад. Асъори нақд ҳам мо дорем, ба банк биёед ва мақсадатонро баён кунед, мо шуморо бо доллари нақд таъмин мекунем”.
Борҳо дурӯғҳои гуфтаи мақомдорони тоҷик дар нишастҳои матбуотӣ собит шудааст, аммо онҳо аз ин корашон дастбардор нестанд. Зоҳиран мехоҳанд дар конфронс аз саволҳои зиёди рӯзноманигорон халос шаванд ва дурӯғ мегӯянд ва парвое надоранд, ки дурӯғҳояшон ҳатман рӯи об мебарояд.
Шояд ин ки як соли дигар, то нишасти матбуотии навбатӣ, ки ҳеҷ касе аз онҳо ҳисобот намепурсад, онҳоро шерак кардааст?