Рубрики Хабарҳо

Ду устоди факултаи забонхои Осиё ва Аврупо низ боздошт шудаанд

Ду номзади илм ва устодони факултаи забонхои Осиё ва Аврупо (собиқ факултаи маъруфӣ “шаркшиносӣ”) низ дар паи боздоштҳои ахир дастгир ва ба ифротгароӣ, даьват ба экстремизм, узвият дар Ихвон ул-муслимин ва ғайра муттаҳам шудаанд.

Ҳарчанд аз боздошти онҳо беш аз як моҳ мегузарад, тоза ба Паём муяссар шуд ному насаб ва маълумот дар бораи ин ду устоди донишгоҳро дастрас кунад.  

Яқубов Тоҷиддин Низомиддинович, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хатмкардаи факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо, оиладор сохиби панч фарзанд. Тибқи гуфтаи дӯстону ҳамкоронаш, Яқубов аз ҷумлаи устодони варзидаи факулта, махсусан кафедраи филологияи араб ба шумор рафта маҳбубияти зиёде байни шогирдону устодони факулта доштааст. Онҳо мегӯянд, дар тӯли бист соли фаьолияташ, то ҳол касе ба андозае ӯ натавонистааст маҳбубиятро дар миёни шогирдон ва устодони кафедра аз худ намояд.

Яқубов рисолаи номзадии худро ҳуддуи дах сол пеш ҳимоя намуда, чанде қабл кори докториашро ба таври комил ба анчом расонида будааст. Муаллифи мақолаҳои илмии нашршуда ва маводҳои таьлимии зиед аст.

Ду сол охир сарпарастии кафедраро ба ӯхда доштааст. Як устоди кафедра гуфт, “Яқубов Тоҷиддин захматкаши кафедра ҳастанд, ҳарчанд корҳои идории кафедра усулан байни устодони кафедра таксим шудааст, вале амалан тамоми ин корҳоро ба таври инфиродӣ ӯ анҷом медод”.

Ин устоди донишгоҳ гуфт устодону шогирдони факулта дар бораи Яқубов бозпурсӣ шудаанд ва ҳама шаҳодат додаанд, ки ӯ комилан бегуноҳ аст. “Шояд шаҳодати устодон ва кормандони факулта, кафедра  ва тамоми шогирдони устод барои исботи инсонияти Тоҷиддин корсоз набошад, вале умед ба лутфи корсози Офаридгори тавоно дорем то лутфу қудрати бе мислу монанди худро барои озодии устоди барҷастаи донишгоҳ дареғ надорад. Ба умеди он рӯзе, ки дубора бо дидани устод чашмони падару модар ҳамсару фарзандони ӯ аз ашки шодӣ пур хоҳанд гашт” – гуфт ҳамкори ӯ.  

Устоди дигари ин факулта Саидов Саидбилол, хатмкардаи факултаи шарқшиносӣ, муаллими калони кафедраи филологияи араби факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ боздошт шудааст.

Ӯ ҳамчунин хатмкардаи шӯьбаи магистрии факултаи забонхои Осиё ва Аврупо мебошад. Айни замон дар курси аввали докторанти HD тахти роҳбарии профессор С. Назарзода дар паи навиштани кори докторӣ дар мавзӯъи “Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот”- и Закариёи Қазвинӣ буда, хамзамон ба ҳайси муаллими кафедраи филологияи араб низ фаьолият доштааст. Саидов Саидбилол аз соли 2015 то оғози соли таҳсили 2019 раисии кураторони факултаро ба ӯхда дошт

Танҳо Яқубов Тоҷиддин ва Саидов Саидбилол нестанд, ки мавриди иттиҳоми мақомоти қудратии кишвар қарор гирифтаанд. Чанд устоди дигар ва шогирдони зиёди ин факулта низ ҳаррӯза ба мақомот эҳзор ва бозпурсӣ мешаванд ва имкони боздошташон зиёд аст. 

Мо хостем аз сойти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бораи ин ду устод маълумот пайдо кунем. Аммо саҳифаи факултаи забонхои Осиё ва Аврупо дастрас нест. Ҳарчанд саҳифаи дигар факултаҳо боз мешавад, маҳз саҳифаи ин факулта масдуд шудааст. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *