10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

САҲА вориди қазияи Далер Шарипов шуд

Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот эълом кард номае ба мақомоти тоҷик  ирсол карда хостори озодии билофосилаи журналисти тоҷик Далер Шарипов шуд.

“Ман бо даъвати ҳарчи тезтар озод кардани Далер Шарипов мактуб навиштам. Матбуот бояд имкони бидуни тарси интиқом таҳқиқ ва нашр кардани матлабҳоро, аз ҷумла дар Интернетро дошта бошад”, – хабар додааст имрӯз, 3 феврал Дезир дар сафҳаи твиттераш. 

Ҳамчунин 8 созмони ҳомии ҳуқуқ ва 27 журналисти тоҷик изҳороти муштаракеро бо талаби раҳоии Далер Шарипов нашр карданд. Намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорони тоҷик бо изҳори нигаронӣ аз ҳабси Далер Шарипов дар изҳороташон мегӯянд, “ин амалкардҳо дар арафаи ду руйдоди муҳим дар кишвар — интихоботи порлумонӣ ва президентӣ, ба обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ мезанад.”

Далер Шарипов рӯзи 28 январ боздошт ва барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Мақомот ӯро ба барангехтани кинаю адовати динӣ дар ҳудуди 200 мақолаи тайи солҳои 2013-2019 навиштааш ва дар китоби “Муҳаммад(с) ва терроризм” айбдор мекунанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан гуфт, китоби Далер Шарипов “тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд.”

Дар изҳороти ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ аз мақомоти Тоҷикистон дар мавриди қазияи журналист Далер Шарипов даъват мешавад ки:

1) чораи пешгириро ба ғайриҳабсӣ иваз карда шавад;

2) таҳқиқот воқеъбинона бо риояи бечунучарои тамоми кафолатҳои озодии баён мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ гузаронда шавад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *