Рубрики Хабарҳо

То куҷо изни шавҳар барои зиёрати волидон ҳатмист

Дар ҳаёт ҳар як нафар ҳамон тавре, ки дуруст медонад, зиндагӣ мекунад. Баъзеҳо падару бобои худро улгуи зиндагиашон қарор додаанд ва дар тамоми амалҳояшон тақлиди аҷдодони худ мекунанд. Баъзеҳо аз ёру дӯстон таъсир мегиранд. Баъзеҳо бошад, гумон мекунанд тамоми равиши саҳеҳи зиндагиро метавон аз рӯи фикру мантиқ роҳ бурд. 

Вале инсон тавре офарида шудааст, ки ниёзе ба роҳнамои ҳақиқӣ дорад. Роҳнамое, ки аз худаш ҳам барояш меҳрубонтар аст, роҳнамоии Аллоҳи меҳрубон. 

Масалаи оиладорӣ, иртиботҳои хешутабориву иҷтимоӣ муҳимтарин мавзӯъҳои Қуръону суннати Паёмбар салаллоҳу алайҳи васаллам аст. Шариат он қадар ба масъалаи оила  таъкид кардааст, ки ҳатто ҳаққи холаву амма, доиву амуҳо дар нусусҳои Шариат ҷой доранд. 

Ҳар нафаре, ки ҳаёти оилавии худро зери дастури шариат мегузаронад, асло пушаймон намешавад, аммо ба шарте, ки шариатро ба таври худ неву чӣ гунае ки ҳаст, қабул кунад.

Барои ҳар як нафари мусулмон аввалин улгуи ҳаёташ Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мебошад. Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:

لقد كان لكم في رسول الله اسوة حسنة

Ба ростӣ, барои шумоён Расулуллоҳ улгуи ҳасан мебошад. (Беҳтарин намунаи зиндагии шумо шахсияти Паёмбар аст) (сураи Аҳзоб ояти 21)

Бародароне ҳастанд, ки гумон мекунанд тамоми ҳастии зан, ҳатто афкору шуураш бояд мувофиқи хостаи шавҳар  бошад. Либоси хонагиву берунии зан, сулуки халқиву хулқии зан, роҳравӣ ҳатто хандаву гиря, ибодату таълим, пешравиҳо дар ҳаёт, ҳамаи инҳову чизҳои дигар бояд бо хостаи шавҳар мувофиқат кунад. Ба тасаввури ин намуд афрод ин аст, ки вақте духтарак ба шавҳар баромад, дигар ӯ инсони соҳибиродаву озод нест, тамоми вуҷуди ӯ ба шавҳар тааллуқ дорад. Боз далели хеле машҳуре ҳам доранд:

Зан замоне дохили ҷаннат мегардад, ки шавҳараш аз ӯ розӣ бошад, ба ибораи машҳур:

Агар ман розӣ бошам ту ба Ҷаннат медароӣ

Ва ё ояти каримае, ки ба таври худ тафсир кардаанд:

ألرجال قوامون على النساء

Мардҳо болои занҳо қавитару сардор ҳастанд.

Албатта, мард сардори оила аст, масъули ҳамсару фарзандонаш аст. Оилае, ки ба марди хонавода эҳтиром намегузорад, низоми худро гум мекунад, зане, ки шавҳари солеҳи худро итоат намекунад, саодати худро аз даст медиҳад.

Вале шавҳар будан маънои онро надорад, ки  занро куллан моли худ донед. Гумон кунед, ки зан танҳо барои итоати шумо офарида шудааст. Зан набояд, ҳадаф, тадрис, пешравӣ дошта бошад.

Шавҳарҳое ҳастанд, ки ҳамсарашонро ҳатто ба зиёрати падару модар иҷозат намедиҳанд. Аз хона баромадани зан гуноҳ аст, зан бояд даруни хона нишинад.

Аллоҳ занҳоро وقرن في بيوتكن мегӯяд, дар хонаҳоятон қарор бигиред, аммо дар давоми оят чӣ мегӯяд:   و لا تبرجن تبرج الجاهلية الولى

Чӣ гунае, ки дар ҷоҳилат бараҳна дар кӯчаҳо давр мезадед, он гуна бараҳна нагардед.

Занҳо набояд беасос дар кӯча худро намоиш диҳанд, он ҳам бо либосҳои бараҳна дур аз одобу ахлоқ, аммо зиёрати волидон воҷиб аст, зиёрати хешу табор, ҳолпурсӣ аз ёру дӯстон вазифаи ҳар яки мусалмон марду зан аст.

Шавҳаре, ки ҳамсарашро аз зиёрати волидонаш боз медорад, аз дидани хешу табораш боз медорад, ҳукми худро болои ҳукми илоҳӣ мегузорад.

Шавҳар ҳақ надорад ҳамсарашро аз зиёрати хоҳару бародараш, махсусан аз зиёрати волидонаш боз дорад. 

Ибни Наҷими Ҳанафӣ дар китоби Баҳру Роиқ мегӯянд: Зан бояд ҳадди ақал ҳар рӯзи Ҷумъа волидонашро зиёрат кунад, шавҳараш иҷоза медиҳад ё намедиҳад, муҳим нест, зеро зиёрати волидон силаи раҳм  бо падару модар асту воҷиб аст.

Аҷиб аст падару модар духтарчаи навзодро ҳаждаҳ сол бузург мекунанд, шабҳои бедорхобӣ, рӯзҳои парешонӣ, гиряҳои пинҳонӣ, хандаҳои дурӯғин, ғаму аламҳои дарунӣ ҳама мушкилиҳо бардавоми тарбияро таҳаммул мекунанд, билохир ба бузургтарин орзӯяшон мерасанд. Духтар дигар бузург гаштаву арӯс мешавад. Хонаи падару модаро тарк мекунад, то ки худ модар гардад. 

Инҷо домоди пас аз ҳаждаҳсол пайдо шуда, аввалин қонунаш ин аст, ки духтар ҳақ надорад беиҷозаи ӯ ба зиёрати падару модараш биравад, падару модаре, ки ҳаждаҳ соли умри худро ба тарбияи ин духтар доданд, нахӯрданду напӯшиданд, то духтар пӯшидаву сер бошад, нахобиданд, то духтар хоби ором биравад, ҳамааш саъй карданд, духтарак бузург гардад.

Ҳар шавҳаре, ки фикр мекунад ҳаққи ӯ болои ҳамсараш болотар аз ҳаққи волидони ҳамсараш аст, ба рости иштибоҳ мекунад, иштибоҳе, ки пас аз падар гаштан дарк мекунад, аммо то он замон ба арӯсу хонаводаҳои арӯс он қадар зарарҳои маънавӣ дарди фироқу дуриро мерасонад. 

Вақте ба ҳаёти Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам нигоҳ мекунем, борҳо чашмонамон ба зиёрати духтарони Паёмбар ва акс зиёрати Паёмбар духтаронашонро мебинем.

Ҳазрати Оиша мегӯянд, ҳар боре, ки Фотима ба зиёрати Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам меомад, Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам  аз ҷои худ хеста, духтаракам хуш омадӣ гӯён аз пешонии Фотима мебӯсиданд. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам борҳо ба зиёрати духтарашон Фотима мерафтанд. Заёнабу Руқая, Умму Кулсум ҳам духтарони Расулаллоҳ дар наздикии падар мудом дар робита бо падар зиндагӣ доштанд. 

Ҳадис дар Бухорӣ зикр шудааст:

Вақте Асмоа духтари Абубакри сиддиқ аз Паёмбар мепурсад, ки Паёмбари Аллоҳ модари ман мушрик аст, оё ба зиёраташ равам?

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ба Асмоа мегӯянд: صلي امك

Бо модарат рафту омад кун, бо модарат робитаи модариву духтари дошта бош

Паёмбар шавҳари Асмоа Зубайр ибни Авомро хеле хуб мештнохтанд, ба Асмоа нагуфтанд, ки аввал аз Зубайр иҷозат пурс, бубин, оё розӣ аст, то ту модари мушрикатро зиёрат кунӣ, на Паёмбар дар ҳол ҷавоб доданд, агарчӣ мушрик бошад ҳам ӯ модар аст, модаратро зиёрат кун бо ӯ равуо дошта бош.

Ба муомилаи Паёмбар бо домодҳояшон нигоҳ кунед. Алӣ ва Паёмбар, Усмон бо Паёмбар. Паёмбар чӣ қадар шавҳарони духтарҳои худро дӯст медоштанд, то чӣ ҳад бо онҳо наздик буданд. Инҳо нишондиҳандаи он ҳастанд, ки силаи раҳм, равуо байни Паёмбар ва духтару домодҳояшон хеле қавӣ буд. Борҳо бо ҳам менишастанду сӯҳбат мекарданд.

Имрӯз ҷавонҳо, бо сад афсус ҷавонҳое, ки худро диндору пайрави Паёмбар иддио доранд, падарарӯси худро бо масхара ба забон меоваранд, вақте бо ҳамсар дучори низоъе шуданд, дар ҳол падару модари арусро дашном мекунанд. Бо падарарӯси худ нишастану салом доданро ор медонанд. 

Урфу одотҳои хилофи шариатро  шиори зиндагии худ кардаем, урфҳое, ки бо қонунҳои шариат тафовутҳое ба масофаи дурии замину осмон доранд.

Аз тарафи дигар вақте шавҳар ҳамсарашро аз зиёрати волидон ва ё зиёрати хешутабораш  боз медорад, зан кӯшиш мекунад ба ҳар роҳе аз волидонаш хабар гирад. Зеро фарзандро аз падару модараш дур кардан ғайримумкин аст. Арӯс напурсида пинҳони аз чашми шавҳараш ба назди хонаводааш меравад. Маҷбур мешавад ба шавҳараш гапи дӯрӯғ занад. Арӯсҳое ҳастанд, ки ба хотири он ки ба зиёрати падару модар раванд, худро бардурӯғ ба беморӣ мезананд, дар назди шавҳару хонаводаи шавҳар худро бемор нишон медиҳанд, то ба  ӯ иҷоза диҳанд ба зиёрати волидонаш равад.

Натиҷаи ин ин ҳама дрӯғу найранг боз ҳамон домоди ба таври худ ғаюр мебошад, ки мехоҳад риштаи хешовандии арӯсро бо наздиконаш канда кунад.

Арӯсро дар хона доштану аз зиёрати хешовандонаш манъ кардан, ғайрати ҷавонмарди нест, баръало бар зидди қонунҳо шариат, силаи раҳми волидон бархестан аст. Ба худ иҷоза надиҳем силаҳои раҳм канда гарданд, оилаҳо бегона гарданд, зеро  тафриқаи оила сабаби камии ризқу нооромии хонавода хоҳад шуд.

Муслима Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *