Рубрики Хабарҳо

Роҳҳои хариди хона дар замони муосир ва аҳкоми он

Доштани хона аз неъматҳое аст, ки ҳар як нафар орзӯи онро дорад. Зеро яке аз васоили муҳими ҳаёт ҷои зист аст. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси Аҳмад мегӯянд:

اربعة من السعادة المرأة الصالحة و المسكن الواسع و الجار الصالح و المركب الهنئ

Чаҳор чиз аз омилҳои хушбахтии дунёст: Ҳамсари солеҳа (зани накӯкору порсо), маскани васеъ, (хонаи васеъву роҳат), ҳамсояи солеҳ ва маркаби муриҳу зудрав.(дар замони ҳозир мошинҳое, ки ҳам суръати боло доранд, ҳам дарунаш роҳат). (Муснади Аҳмад)

Албатта, суханҳои Паёмбар сад дар сад  саҳеҳ аст. Барои як мард ҳамсари хуб, мошини хуб, ҳамсояи хуб ва хонаи хуб, инҳо ҳама омилҳои хушҳолии дунё ҳастанд.

Аммо дар шароити кунунӣ хариди хона, махсусан дар шаҳрҳои бузург хеле душвор аст. Дар аксари давлатҳо нархҳои хонаҳо он қадар боло ҳастанд, ки баъзеҳо тамоми умр дар хонаи иҷора менишинанд.

Ба муҳтоҷии мардум нигоҳ карда, ширкатҳои созмони ҳамроҳи бонкҳо садҳо роҳҳои фӯрӯши хонаро ба роҳ мондаанд, аммо мутаассифона ҳамаи он роҳҳо олудаи рибои ҳаромкарда шуда мебошад.  Дар асри ҳозир рибо ё худ протсент дар тамоми анвоъи тиҷорат ҷой дорад, аммо дар хариду фурӯши хона хеле ривоҷ ёфтааст. Ҳатто давлатҳое ҳастанд мисли Фаронса, ки дар он метавон танҳо бо кредит хона харид, кредит бошад, ҳамон рибои муҳаррам аст.

Тақрибан дар тамоми давлатҳо, ҳатто дар давлатҳои араби сад дар сад мусалмоннишин, вақте харидор барои хариди хона маблағи кофӣ надорад, бонк ба миён медарояд. Бонк ба соҳиби хона дар ҳол тамоми маблағи хонаро пардохт мекунад, харидор бошад он маблағро дар вақти муайян қисм-қисм ба бонк бармегардонад. Албатта бонк азмаблағи ба соҳибхона додааш нигоҳ карда аз харидор зиёдтар маблағ талаб мекунад. Ин ҳамон кредит аст, инҷо нақши бонк танҳо қарзи бофоиз додан аст, соҳибхона бошад ба маҳзи пули хонаро аз бонк гирифтан аз муомила хориҷ мешавад, бақия бонки қарздода мемонаду харидор. 

Ин ҷо, агар бонк худаш хонаро харида, сипас бо нархи гаронтар ба харидор фурӯшад ҳеҷ боке нест, мушкилӣ дар он аст, ки бонк хонаро намехарад, танҳо барои хариди хона қарзи кредитӣ, протсент медиҳад.

Инчунин роҳи дигари машҳури хонахарӣ дар солҳои охир ингуна аст. Онҳое, ки моҳона иҷорапулӣ медиҳанд, аз бонк кредит мегиранд (кредит ҳамон қарзи дарозмуддати протсентие, ки дар муддати муайян қисм-қисм ба бонк баргардонида мешавад), сипас бо он маблағ хона мехаранд, маблағи ҳар моҳ ба иҷора медодаашонро бошад, ба қарзи аз бонк гирифтаашон, бармегардонанд. Албатта бо ин роҳ ба ҷои моҳона иҷора додан, соҳиби хона мешаванд, лекин ин роҳ ҳам ҷоиз нест ва рибо аст, зеро кредити аз бонк гирифта, ҳамон протсент мебошад.

Вақте уламои муосири фиқҳ роҳҳои хеле машҳури хариди хонаро аз рибо холӣ нест ва ҳаром гуфтанд, барои харидороне, ки аз роҳи ҳалол мехоҳанд хона харанд, якчанд роҳ нишон доданд.

Аз ҳама пеш ҳукумат бояд ғами мардумро хӯрад. Барои хариди хона ба мардум қарзҳои ҳасанаи бепротсентидароз муддат диҳад, то мардум хона харида, қарзи гирифтаашонро бошад дар муддати муайян яклухт неву қисм-қисм баргардонанд. Албатта ин беҳтарин роҳ аст, аммо дар Тоҷикистони мо бо он аҳволи имрӯза маҳол аст. Магар бо як роҳ қарзи ҳасана гирифтан аз бонкҳои исломӣ ва ё шахсони савобталаб ва бо он қарз хона харидан.

Давлат бояд хонаҳоро аз ширкатҳои сохтмонӣ худаш харад, сипас онро ба мардум бо тақсит фурӯшад, мардуме, ки худ маблағи кофӣ надоранд аз давлат хона мехаранд, маблағашро бошад қисм-қисм ҳар моҳа ба давлат бармегардонанд. Албатта бо ин роҳ хонахарӣ низ дар Тоҷикистон маҳол аст.

Дар муҳоҷират бошад барои муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҳукумат ба иттифоқ баромадан низ хеле душвор аст. Инҷо метавон аз роҳи дигар истифода кард. Шахси хонахар ба яке аз сарватмандон пешкаш мекунад, ки фалон хонаро ту бихар, сипас онро бо нархи гаронтар ба ман фурӯш. Ман он хонаро аз ту аз маблағи харидаат қимматтар мехарам, аммо ба шарти он ки тамоми маблағи хонаро ба якборагӣ неву қисм-қисм ба ту бармегардонам. Дар ин вақт барои замонати пардохтӣ хона албатта гарав ва ё ҳуҷҷатҳои дигарро бо ҳам маслиҳат мекунанд. Агар бо ин роҳ хона харида шавад, ҳар ду тараф ҳам суд мебинанд. Шахси қарздиҳанда ба ҷои қарзи оддӣ як тиҷорати судманд ба роҳ меандозад, хонахар бошад ба ҷои қарзи рибавии кредит гирифтан бо тақсит хона мехарад.

Ин роҳро метавон дар хариди замин низ ба кор монд. Вақте барои хариди замин маблағи кофӣ надорад, аз сарватманде хоҳиш мекунад, замини муайянеро харад, сипас бо маблағи гаронтар бо тақсит ба харидор фурӯшад.

Лекин барои он, ки мабодо харидор фиреб накунад, соҳибмол метавонад ҳуҷҷатҳои заминро то пардохти маблағи замин дар даст нигоҳ дорад ва ё замонати дигареро аз харидор талаб кунад.

Ҳолатҳое ҳаст, ки шахсе мехоҳад хона харад, аммо маблағе, ки дар даст дорад, кофӣ нест, нисфи мабалағи хона дар дасташ ҳасту бас. Барои мисол хона 50 ҳазор доллар аст, ӯ бошад ҳамааш 25 ҳазор доллар сармоя дорад. Дар ин ҳолатҳо аксарият аз бонкҳо қарзҳои кредитӣ мегиранд 

Аммо мешавад дар ин ҳолат ҳам аз роҳи ҳалол кор бурд.

Шумо дар даст нисфи маблағи хонаро доред аз шахси дигар, албатта шахси бовариноку шинос хоҳиш мекунед, ки он хонаро ҳамроҳи шумо харад. Ҳарду шарикӣ он хонаро мехаред. Инҷо хона панҷоҳ ба панҷоҳ байни ҳардуятон тақсим аст. Сипас пас аз хонаро харидан шарики шумо ҳиссаи худашро ба шумо мефурӯшад. Бо нархи гаронтар, аммо бо тақсит, он маблағро дар муддати муайян қисм-қисм пардохт мекунед.

Албатта ин роҳ ҳам барои хариди хона хеле муносиб аст.

Дар хариди замину сохти хона ҳам метавон ин роҳро ба кор монд. 

Як нафаре, ки барои сохтани хона маблағи кофӣ надорад ба як нафар ва ё ду нафар шахсон наздики худ пешкаш мекунад, то якҷоя бо ҳам мабалғ гузошта замин харанду хона созанд, вақте хона комилан ба охир расид, ду шарики ҳамроҳ шуда, ҳиссаҳои худро аз нархи сарф кардаашон болотар ба шахси хонахар бо тақсит мефурӯшанд.

Шариат  ҳатто камтарин фоизи риборо як дарсад бошад ҳам, ҳаром кардааст, то ки ноҳақ амволи ҳамдигарро нахӯрем. Нафароне, ки мехоҳанд аз роҳи ҳалол хариду фурӯш кунанд, ҳазорҳо роҳ вуҷуд дорад. Кофист ҳадаф аз роҳи ҳалол  ба даст овардани мол бошад. 

Чизи муҳими дигар  боварии дигаронро ба даст овардан аст. Дар шароити имрӯз бародар ба бародар, фарзард ба падар хиёнат мекунад. Барои боварии дигароно дар хариди хона ба даст овардан, беҳтарин роҳ гарав додан аст, ҳамон гараве, ки дар шариат раҳн мегӯянд ва замонати пардохти маблағҳои қарз аст.

Онҳое, ки аз бонкҳо кредит мегиранд, ҳамчун замонат ҳатман гарав медиҳанд, ҳуҷҷатҳои хона, мошин дороиҳои дигари худ ва ё хешовандонашоноро.

Аммо вақте дӯсте ва ё хешованде барои замонати қарзи додааш гарав талаб мекунад, якбора рӯйхунукиву хафагӣ изҳор мекунанд. Ҳол он ки додани гарав ба ҳар ду тараф хотири орому боварии комил мебахшад.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *