Рубрики Хабарҳо

Кӯдакони тоҷикро аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик кӣ овард?

Субҳи имрӯз бо кӯшиши Вазорати дифоъ ва корҳои хориҷии Русия, ниҳодҳои зидахли ҷумҳурии Ироқ, Кумитаи Байналмилали Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ бо ҳамоҳангии мақомоти Тоҷикистон чор кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора дода, овардани ин кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзадаро “иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик” унвон кардааст.

“Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои марбута (Кувайт, Остона, Теҳрон, Анқара, Москва ва Иморот) бо ҳамдастии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоҳангиҳои лозимаро бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва сохторҳои дахлдори ин кишвар анҷом додаанд. Дар натиҷа, 25 апрели соли 2018 чаҳор кӯдаки тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ба Ватан бозгардонида шуданд”.- гуфта шудааст дар хабар.

Дирӯз, Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори тоҷик бо такя ба манобеъаш аз наздикони кӯдакон дар хабар дода буд, ки наздикони Марям Шоева, ятимдухтари тоҷике, ки волидонаш чанд сол пеш дар шаҳри Мусили Ироқ кушта шудаанд, имшаб бо гулдаста ба истиқболаш мераванд.

«Ба гуфтаи наздикони ин ятимдухтар, имрӯз мақомоти корҳои дохила ва амният аз ноҳияи Ҳисор ва пойтахт ба онҳо эълом кардаанд, ки бомдоди имшаб, яъне 25-04-2018 Марям Шоева ҳамроҳи се кӯдаки дигар низ, қарор аст ба Тоҷикистон оварда шаванд.  Дар назар аст, истиқболи ин кӯдакони ятим, ки дар Ироқу Сурия аз волидонашон маҳрум шудаанд, дар фурӯдгоҳи пойтахт бо ҳузури кормандони чанд ниҳоди давлатӣ ва хабарнигорон сурат мегирад».- гуфта буд Амруллоҳи Низом.

Ӯ ёдовар шудааст, ки «пеш аз ин, расонаҳои давлатии Русия дар бораи вазъияти асафбори Марям ва дигар ҳамтоёнаш аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз Ироқ гузориш дода буданд. Ҳамакнун мақомоти Русия талабу дархостҳои ин кӯдаконро аз як тараф ва хоҳиши сарпарастону пайвандони онҳоро аз дигар тараф ба инобат гирифта, нахуст онҳоро аз Ироқ ба Русия ва сипас ба Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳо интиқол медиҳанд. Ҳамзамон, Тоҷикистон низ баъди ду соли додхоҳии Марям ҳамин ду моҳ пеш ба овардани ӯ мувофиқат карда буд, аммо эълом накард, ки кӯдакони бесарпаноҳи Тоҷикистонро аз Ироқу Сурия бо пулу моли худаш ба Ватан бармегардонад».

Дар охир Амруллоҳи Низом андешаи  коршиносон дар ин бораро зикр намуда гуфтааст, ҳарчанд ин амал бо кӯшиши дигарон суръат гирифтааст, ҳатман мақомоти Тоҷикистон ба худ ва «пешвои миллат» рабт хоҳанд дод.

«Ҳолдонҳо мегӯянд, дар чунин шароит интиқоли ин нобилиғони тоҷик ба Ватанро мақомоти Русия бар уҳда дорад ва бояд ин хидмату заҳамоти онҳоро қадр кард. Аммо ба гуфтаи онҳо, мақомоти Тоҷикистон ва бахусус Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, айнан мисли ҳамон асардуздии дигар «нохондаолимон»-и кишварамон ин ҳама заҳамоти мақомоти русро ба номи худ ва бо ташаббуси пешвояшон сабт кардан мехоҳанд».- зикр намудааст Амруллоҳи Низом.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *