Рубрики Хабарҳо

БМТ аз БАТР талаб кард, ки дар сохтмони НБО «Роғун»ширкат кунад

Ҷамолиддин Нураллиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни вохурӣ бо намояндагони Бонки аврупои таҷдид ва  рушд талаб кардааст, ки ба БАТР дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ширкат кунад.

Дар ин бора хадамоти матбуотии хабар додааст.

Тибқи гузорише, ки хадамоти матбуотии БМТ дирӯз санаи 25 апрел нашр кардааст, 19 апрели соли 2018 дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ва Бонки ҷаҳонӣ мулоқоти кории Намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Илҳом Раҷабов бо Ҳайати Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) таҳти роҳбарии Юрген Ригторинг, ноиби Президенти БАТР  баргузор гардидааст.

Дар рафти вохӯрӣ Ҷамолиддин Нуралиев, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  қайд кардааст, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои соҳаи гидроэнергетика ҳамчун афзалият қарор дорад.

“Аз ин рӯ, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев барои ширкати БАТР дар татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” ва таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар ин самт аз ҷониби БАТР даъват ба амал овард”. — омадааст дар гузориш.

Гуфтан ба маврид аст, ки  ҳамасола то 10% аз ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҷудо мешаванд. Ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби воситаҳои иловагӣ, вомбаргҳои давлатиро ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш баровард. Соли гузашта чунин вомбаргҳо дар ҳаҷми 500 млн. доллар ба сармоягузорони хориҷӣ фурӯхта шуда, тамоми маблағ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона шуд.

Вомбаргҳо аз ҷониби сармоягузорони ИМА (38%), Британияи Кабир (24%), кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (35%) ва Осиё (3%) харидорӣ шуданд. То соли 2025 ба қарздиҳандагон танҳо фоизҳо (7,1 фоизи солона) пардохта шуда, қарзи асосӣ се соли минбаъда (2025-2027) баргардонида мешавад.

Ин дар ҳолест, Тоҷикистон ният дошт, ки сохтмони нерӯгоҳи Роғунро танҳо аз ҳисоби сармоягузориҳои дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомии таъсисёфта ба аҳолии кишвар анҷом медиҳад.

Аммо муддати қариб ним сол ҷамъоварии ҳамагӣ наздики 900 млн. сомонӣ муяссар шуда, баъди ин зери фишори ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ лозим омад, ки ба ин таҷриба хотима дода шавад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли равон доир мегардад. Дар ин бора санаи 1 феврал роҳбари ширкати итолиёвии Пиетро Салини ба Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо Сарвари давлат . Ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2016 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғул аст.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *