Рубрики Хабарҳо

Маскав: Нахустин намоишгоҳи байналмилии  “АвруОсиё-Экспо»гуфтугӯи фарҳангҳо-2018”

Дар Федератсияи Русия Нахустин намоишгоҳи байналмилии  “АвруОсиё-Экспо: Гуфтугӯи фарҳангҳо-2018” баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 майи соли 2018 нахустин намоишгоҳи байналмилалии “АвруОсиё-Экспо: Гуфтугӯи фарҳангҳо -2018” дар  шаҳри Маскав гузаронида мешавад.

Дар ин намоишгоҳ Иттифоқи байналхалқии ташкилотҳои ғайридавлатии “Ассамблеяи халқҳои АвруОсиё” ширкат меварзанд.

Манбаъ меафзояд: Ҳадаф аз ин намоишгоҳ баррасии самтҳои афзалиятнок ва дурнамои рушди ҳамкриҳои фарҳангӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкорӣ дар омӯхтани мероси ғании фарҳангии халқҳои Аврупо ва Осиё, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи робитаҳои фарҳангии байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ, рушди туризм, нашри китобҳои ҷуғрофӣ ва таърихӣ, инкишофи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *