Рубрики Хабарҳо

Абдуллоҳу Ғанӣ ҳамдигарро ба истеъфо фиристоданд

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи пешин, ки дар баробари Ашраф Ғанӣ қасами риёсатҷумҳурии Афғонистонро ёд кард, эълом кард, ки Ашраф Ғанӣ дигар раисҷумҳур нест ва фармонҳояш эътибор надоранд

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, гуфт, пас аз маросими таҳлиф давраи кори ҳукумати Ваҳдати миллӣ поён ёфтааст ва ӯ ба зудӣ дар бораи муаррифии “раиси иҷроияи давлати ҳамашумул” фармон содир хоҳад кард.

Дар як эъломия, ки ахиран ба чоп расидааст, омадааст, «Ашраф Ғанӣ дигар раисҷумҳур нест ва фармонҳои вай дар Афғонистон эътибор надоранд».

Дар ин эъломия аз кормандони низомӣ ва ғайринизомии раёсати иҷроияи пешин хоста шудааст, ки ба вазоиф ва масъулиятҳои рӯзмараашон идома диҳанд.  

Ашраф Ғанӣ ҳам бо як фармон раёсати иҷроияро барҳам дода, амалан Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба истеъфо фиристод.

Гуфтанист, ахиран дар Афғонистон ду президент маросими таҳлиф ё савгандёдкунӣ баргузор намуда, ҳар яке худро президент эълон кард.

Ашраф Ғанӣ дар қасри президент қасам ёд кард ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, шикасташро дар интихобот эътироф накарда, ин маросимро дар қасри раиси иҷроия баргузор намуд. 

Интихоботи президентӣ дар Афғонистон 28 сентябри соли гузашта баргузор шуд. Бино бар натиҷаҳои эълонкардаи комиссиюни интихобот, бештари овозҳо — 50,64 дарсадро Ашраф Ғанӣ ба даст овард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ 39, 52 дарсади ороро соҳиб шуд ва мақоми дувумро ба даст овард. Вай натиҷаҳои интихоботро напазируфта, онро тақаллубӣ хонд ва талаб намуд, ки овозҳо бозшуморӣ шаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *