Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар даҳ моҳи соли равон 2 ҳазору 660 сомонӣ, тақрибан 235 долларро ташкил дод.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 24 миллиарду 345 миллиону 900 ҳазор сомониӣ, муодили 2 миллиарду 154 миллиону 500 ҳазор доллар бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил додааст.
Аҳолии ҷумҳурӣ дар ин даҳ моҳи соли равон ба беш аз 9 миллиону 400 ҳазор нафар расид. Дар натиҷа, ба ҳар сари аҳолӣ 2 ҳазору 660 сомонӣ аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноат рост меояд.
Ҳамин тариқ бо ҳисоби доллар, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра 235 долларро ташкил дод.
Тибқи омор, аз маҳсулоти саноатӣ ба хориҷа, асосан алюминий, семент, маъдан ва консентратҳо, металлҳои қиматбаҳо, бофандагӣ ва ғайра содир карда шуданд.
Қариб ҳамаи ин молҳо ба хориҷ ҳамчун ашёи хом, яъне бидуни коркард фурӯхта мешаванд. Аксари онҳо пас аз коркарди аввалия, яъне дар шакли ашёи хом барои коркарди минбаъда фурӯхта мешаванд.