Рубрики Хабарҳо

Бештарин омори марг дар Итолиё ва «бузургтарин чолиши Олмон»баъд аз ҷанг ҷаҳонии дувум

Бар асоси тозатарин омори давлати Итолиё 475 нафар дар як рӯзи гузашта ҷони худро дар асари ибтило ба вируси коруно (COVID-19) аз даст додаанд, ки ин бештарин рақами маргумир дар як рӯз аз замони шуйӯъи ин вирус аст. 

Теъдоди кулли мавориди марг дар Итолиё то кунун ҳудуди се ҳазор нафар гузориш шуда, ки дар остонаи баробарӣ бо мавориди марг дар Чин, маркази шуйӯъи вируси коруно аст. 

Итолиё эълом карда, ки теъдоди мубталоён ба беш аз 35 ҳазору 700 нафар расидааст. Аз ин теъдод беш аз чаҳор ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд. 

Ин кишвар баъд аз Чин ба бузургтарин маркази шуйӯъи коруно дар ҷаҳон табдил шудааст. 

Бар асоси омори расмӣ, теъдоди кулли ҷонбохтагон дар Эрон ҳам ба беш аз 1100 нафар расида, ки баъд аз Италия бештарин теъдоди ибтило ва маргро дорад. 

“Бузургтарин чолиш аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум” 

 Дар Олмон, Ангело Меркел, садри аъзам гуфтааст, ки муқобила ба коруно ба бузургтарин чолиш дар ин кишвар аз замони ҷангт ҷаҳони дувум табдил шудааст. 

Дар як рӯз гузашта ҳудуд ду ҳазор нафар ба теъдод мубталоён дар Олмон изофа шуда ва дар маҷмӯъ ба беш аз 11 ҳазор маврид расидааст. 

Мадориси ин кишвар монанди бисёре аз кишварҳои Аврупоӣ ва дигар нуқоти ҷаҳон таътил шуда аммо бар хилофи Итолиё, Испониё, Белжик ва Фаронса аз мардум ба сароҳат хоста нашуда, ки дар хона бимонанд. 

Дар Бритониё, Борис Ҷонсон, нахуствазир эълом кард, ки мадориси Англия аз рӯзи ҷумъа таътил хоҳад шуд. Пештари Уэлс ва Скотланд ҳам мадорисро таътил карда буданд. 

Бар асос тозатарин омор теъдоди маргумир бар асари ибтило ба коруно дар Бритониё ба беш аз 100 нафар расидааст. Давлат аз мардум хоста фосилаи иҷтимоиро ҳифз кунанд ва аз рафтан ба рестурону барҳо ва маконҳои пурҷамъият худдорӣ кунанд. 

Испониё баъд аз Итолиё бештарин теъдоди марг ва ибтилоро гузориш карда ва маҳдудиятҳои шадидеро барои муқобила бо шуйӯъи бештари беморӣ вазъ кардааст. 

Бино бар тозатарин омор танҳо дар як рӯз беш аз ду ҳазор мубтало дар Испониё шиносоӣ шуда ва теъдоди ҷонбохтагон ба беш аз 600 нафар расидааст. 

Бо оғози мамнуъияти вуруд ба минтақаи Шенген дар Аврупо аз хориҷ аз Иттиҳодия, мусофирони хориҷӣ аз вуруд ба марзҳои 27 кишвар манъ шудаанд. Ин маҳдудият то 30 рӯз идома хоҳад дошт. 

Бар асоси омори эълом шуда аз сӯи кишварҳои мухталиф, теъдоди мубталоён ба коруно дар сартосари ҷаҳон ба беш аз 200 ҳазор нафар расида ва беш аз ҳашт ҳазор нафар ҷон худро ба далел ибтило ба ин бемори аз даст додаанд. 

Итолиё мунтазири нишонае аз таъсири муқаррароти манъ тараддуд 

Ахбори ногувор аз Итолиё ин аст, ки алорағми муқаррароти манъи тараддуд, ки барои даҳ рӯз дар саросари кишвар иҷро шуда, омори марг дар асари вируси коруно ҳамчунон болотару болотар рафтааст. 

Омори марги рӯзи чаҳоршанбе 475 маврид бештар шуд, ки бузургтарин омори рӯзона аз замони шурӯъи шуйӯъ аст. 319 нафар аз касоне, ки ҷон бохтаанд сокини минтақаи Ламборҷи, дар шимоли Италия, ки конуни аслии шуйӯъ аст будаанд. 

Пизишкони итолиёӣ умедвор буданд баъд аз як ҳафтаи манъи тараддуд шоҳиди уфти шуйӯъ бошанд, ки иттифоқ наёфтода. Бархе мегӯянд, ки фақат баъд аз ду ҳафтаи шурӯъи чунин тадобире бояд мунтазири мушоҳидаи осор он буд. Ду ҳафта ҳаддиаксар давраи нуҳуфтагии вируси коруност. 

Фармондори Ламборҷи аз мардум хостааст ҳамчунон дар хона бимонанд ва дастурҳои давлатро зери по нагузоранд. 

Ӯ гуфт: «ба зудӣ дигар дар мавқеияте нахоҳем буд, ки ба беморон кӯмак бирасонем. Аз шумо мехоҳем барои наҷоти ҷони дигарон фидокорӣ кунед.»

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *