Categories Хабарҳо

Мақомоти Тоҷикистон тавсияи СБҶ-ро нодида гирифтаанд

Тавсияи Созмони бедошти ҷаҳонӣ, ки аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд, нодида гирфита шудааст. Намояндагии ин созмон мактубе бо дастуру шарҳҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент, ҳанӯз 16 март фиристодаанд.

Хабаргузории Азия Плюс навиштааст нусхаи мактуб дар ихтиёри ин хабаргузорӣ қарор дорад.

Дар нома СҶТ даъват кардааст, ки ба ташкили чорабиниҳои оммавии намоишӣ, ки аз сабаби хеле сериздиҳом буданашон барои солимии ҷомеа оқибатҳои манфӣ дошта метавонанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад.

Гуфта мешавад, аксари манбаъҳои ҳуҷҷатӣ тасдиқ мекунанд, ки чорабиниҳои оммавӣ ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ мусоидат карда метавонанд. Қарор доир ба ташкили чорабинии оммавӣ ё ҷорӣ кардани маҳдудият, мавқуф гузоштан ё бекор шудани баргузории он бояд ба арзёбии дақиқи хавфҳо асос ёфта бошад.

“Дар ҳолати баргузории чорабинии беҳад писандида ё хеле сериздиҳом СҶТ ҷиҳати баҳодиҳӣ ба хавфҳо барои солимии ҷомеа кумаки машваратӣ ва техникии худро пешниҳод карда метавонад”, — қайд мешавад дар мактуби СҶТ.

Дар робита ба мубориза бо навъи нави коронавируси COVID-19 СҶТ чунин мешуморад, ки тадбирҳои масофагирии иҷтимоӣ ва чораҳои ба карантин гирифтан бояд бар асоси муосир ҷорӣ шуда, риояи дақиқи онҳо зарур аст.

“Ба ҷуз ин, кишварҳо метавонанд имкони ҷорӣ кардани тадбирҳои зеринро баррасӣ кунанд: бастани мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, мувофиқи имкон ба кори фосилавӣ гузаронидани ташкилоту корхонаҳо, ба ҳадди ниҳоии камтарин расонидани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар вақтҳои аз ҳама сериздиҳом ва мавқуф гузоштани сафарҳои на он қадар ҳатмӣ”, — қайд мекунад СҶТ.

Дар сатҳи инфиродӣ Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чунин тавсияҳо медиҳад:

“Минбаъд ҳам қатъиян риоя кардани қоидаҳои гигиена ва тадбирҳои пешгирӣ, инчунин даст кашидан аз ҳузур дар ҷойҳои сериздиҳому ҷамъшавии одамон”.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон чанд ҳафта инҷониб ба таҷлили ҷашни Наврӯз омодагиҳо ҷараён доранд. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин чорабиниҳо аз 7 то 12 ҳазор нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯён иштирок мекунанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *