Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақомот тадбирҳои иловагиро ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии вируси нав рӯи даст гирифтанд.
Вазорати нақлиёти Узбекистон дар шабакаи Телеграм хабар дод, ки аз 20 март ба мӯҳлати 40 рӯз ҳаракати мусофиронро ба хориҷа дар ҳама роҳҳои ҳавоиву заминӣ қатъ мекунад.
Гуфта шудааст, ки ин муқаррарот ба хадамоти боркашонӣ рабт надорад. Инчунин рӯзи 20 март президент Шавкат Мирзиёев қонунеро имзо кард, ки бар асоси он барои муқобила бо коронавирус дар ин кишвар бунёди зиддибӯҳронӣ бо буҷаи 1-миллиарддолларӣ таъсис мешавад.
Дар Узбекистон то ҳол 33 ҳолати олудагӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст.
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон, ки ҳанӯз ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус гузориш нашудаааст, аз 20 март тамоми парвозҳои байналмилалӣ қатъ шуд. Аммо, мақомот бо ҷалби толибилмони мактаб ва донишҷӯён бо теъдоди зиёда аз 12 ҳазор нафар ба таҷлили бошукӯҳи Наврӯз омодагӣ мебинанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки санаи 16 март Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Дастгоҳи иҷроияи раисҷумшури Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар тавсия додааст, ки аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунад.
Дар нома Созмони ҷаҳонии тандурустӣ даъват кардааст, ки ба ташкили чорабиниҳои оммавии намоишӣ, ки аз сабаби хеле сериздиҳом буданашон барои солимии ҷомеа оқибатҳои манфӣ дошта метавонанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад.