10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Китобхонӣ ва аҳамияти он ба шахсу ҷомеа

Хостам мавзӯеро бо унвони “Коштани муҳаббати хониш дар қалби кӯдак” пешкаш кунам, аммо вақте бузургон, падару модар худ ба хондани китоб алоқаманд нестанд, пас, чӣ гуна муҳаббати хонишро ба кӯдакон меомӯзонанд? Аз ин хотир, хостам мавзӯеро бо унвони “Китобхонӣ ва аҳмияти он ба шахсу ҷомеа пешкаш кунам.

Имрӯзҳо ҳар яки мо мушоҳида мекунем, ҷойҳои китобҳоро телефону тоблу ё худ планшет гирифтаанд. Шахсе нест, ки дар даст телефон надошта бошад, албатта дар замони ҳозир телефон хеле муҳим аст, аз он дар ҳама ҳолатҳо истифода карда мешаваду аз заруриёти ҳаёт маҳсуб гаштааст, аммо хеле кам ҳастанд онҳое, ки ҳамроҳи телефон бо худ китоб ҳам доранд ва ё телефонро гоҳе. ҳамчун китоб истифода мебаранд. Дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон вақте талабаву донишҷӯ дар хотир надорад, бори охир ба ҷуз китобҳои дарсӣ, кадом китобро ба даст гирифта буд, аз мардуми оддӣ чӣ интизор бояд шуд? Модари хонанишин ва ё падари мардикор кай ба даст китоб гирифта бошанд?

Бо нишондоди шуморишҳои илмӣ донишҷӯёни донишгоҳҳои Амрико ба ҷуз китобҳои дарсии худ, ҳамасола то понздаҳ китоби берун аз дарс мехондаанд, ҳол он ки шояд устодони донишгоҳи мо ҳатто як китоб ҳам нахонанд.

Баъзеҳо гумон мекунанд, китобхонӣ марҳалаи хоси худро дорад, пас аз оиладор шудан ва ё пас аз фарзанду зиндагиро ба ӯҳда гирифтан, дигар фоидае дар хондан вуҷуд надорад. Ҳол он, ки ҳанӯз аз замони қадим хондани китоб асоси пешрафти фарду  ҷомеа эълон шуда буд. Тамоми миллатҳои пешрафта сирри худро дар муҳаббати китобхонӣ зикр кардаанд.

Аз нигоҳи шариат назар кунем, аввалин ваҳии Илоҳӣ бо калимаи Иқраъ, Бихон нозил шудааст.

Мусалмонҳоро бо Уммати Иқраъ, Уммати Бихон мешинохтанд, зеро пешравиҳои илмие, ки мусалмонҳо кардаанд, то ҳол ягон ҷамоате накардааст ва ояту ҳадисҳое, ки ба таълими илм ташвиқ мекунад дар ягон адёни дигаре вуҷуд надорад.

Машҳуртарин китоби тиб дар тамоми ҷаҳон китоби олими мусалмони форсзабон Ибни Сино аст.

Машҳуртарин олими илми Физика бошад, Абубакри Розӣ аст, ки то ҳол қонунҳои кашфшудаи ӯро таҳқиқ мекунанд. 

Ибни Ҳайсам аввалин олими Кайҳоншинос, Бирунӣ олими Кайҳоншиносӣ ва ҷуғрофия.

Асосгузорони тамоми илмҳои дунявӣ бармегардад ба Уммати Иқра уммате, ки аввалин амри Парвардигорашон бихон буду онҳо амал карданд. 

Дар соли дуюми ҳиҷрӣ вақте байни мусалмонҳо ва мушрикони Макка ҷанг мешавад, мусалмонҳо ғалаба мекунанд ва ҷамъи зиёди мушрикон ба асорати мусалмонҳо меафтанд. Албатта ҳар як мушрики ба асорат афтида, мехоҳад озод шавад.

Паёмбар мегӯянд, ҳар нафари асире, ки хондану навиштанро медонад, озод мешавад, аммо ба як шарт, даҳ нафар аз мусалмонҳоро таълим медиҳад, ба ивази таълиме, ки дод, мо ӯро озод мекунем. Ҳамин тавр ҳар асире, ки даҳ нафар мусалмонҳоро таълими хондану навиштан медиҳад, озод мешавад.

Дар соли дуюми ҳиҷри ҳолати иқтисодии мусалмонҳо хеле бад буд. Аксари муҳоҷирон аз гуруснагӣ ба шиками худ тамоми рӯз санг мебасатанд. Паёмбар метавонистанд ҳар як асирро бо маблағи калон иваз кунанд, лекин чун таълиму омӯзиш болотар аз моддиёти ҳаёт аст, муҳимтар аз шароити беҳтару либосу хӯрок аст, ба ҷои мол таълимро пеш гирифтанд.

Мавқифи дигар Зайд ибни Собит саҳобии ҷалил, ки  ҳамқадами Расулаллоҳ буд, ҳамеша ҳамроҳи Паёмбар мегашт. Нависандаи ваҳии осмонӣ ва тарҷумони Расулаллоҳ буд. Забони сарёниву иброниро тарҷума мекард. Аҷиб ин аст, ки Зайд ҳамагӣ сездаҳсола буд. Навраси сездаҳсола котиби ваҳй, тарҷумони Расулаллоҳ, ҳамеша ҳамроҳи Расулаллоҳ, танҳо барои он, ки илм дорад, хондану навиштанро балад аст. Паёмбар ба Зайд ҷойгоҳи хосеро дода буданд, ба сабаби саводаш, илму маърифат, забондониву маҳорати илмиаш.

Инсон метавонад бо хондани китоб офоқҳоро кашф кунад, дуриҳоро аз наздик бубинад. бо ҳар ҳарфи мехондааш маълумоти ҷадиде гирад. Албатта ҳамаи мо медонем, ки фарқ байни шахсе, ки ҳамеша аз паи хондани китобу маълумоти ҷадид аст, аз шахсе, ки аз бекорӣ ҳаёти мардумро кашф мекунад, байни машриқу мағриб аст.

Модарбузурге, ки дар даст китоб дораду бо аъсоби ором ба сатрҳо назар меафканад, аз модарбузурге, ки мудом ҳушаш ба хатогиҳои набераву арӯсон аст, хеле тафовут аст.

Падаре, ки китоб мехонаду аз хондааш ба фарзандон нақл мекунад, муҳаббати хонишро ба фарзандон дар намунаи зинда нишон медиҳад, аз падаре, ки як ба як тамоми эстрадаи тоҷикро мешиносаду ба ҷуз мусиқиҳои бемаънӣ дигар замзамае надорад, хеле фарқ дорад.

Модаре, ки фарзандам аммат бо бибиат чӣ мегуфт гӯён фарзандашро хабарчиву ҷосус тарбия мекунад, аз модаре, ки бачаам. биё бо ҳам ин ҳикояро хонем мегӯяд, мисли шаби торику равшании хуршед фарқ дорад.

Ҷавондухтаре, ки селфиву суратҳои худро дар Инстаграму Фейсбук мегузорад, аз духтараке, ки ҳар рӯз маълумоти худро бо хондани ину он китобҳои муфид сарф мекунад, фарқи бемасофа дорад.

Дар шароити имрӯза аксари мушкилиҳои ҷомеа, махсусан мушкилиҳои оилавӣ байни хешу табор, хусуру хушдоману арӯс ва дигару дигарон аз бекор хобидани мағз шурӯъ мешавад.

Майнаи инсон чунон офарида шудааст, ки ҳамеша дар ҳоли ҷамъоварии маълумот аст. Вақте мо онро бо маълумотҳои муфид сер накардем, ӯ худро бо маълумотҳои пуч пур мекунад. Бешак онҳое, ки мағзи худро бо ахбори пучу бефоида пур кардаанд, аз забонашон низ ба ҷуз суханҳои бефоида чизи дигаре талаффуз намешавад.

Аксарият одат кардаанд, китоб хонданро хосси шахсони таҳсилкарда, махсусан хоси донишҷӯёну муаллимон кунанд. Вақте шумо донишгоҳ нахондед, касбу кор надоред, гӯё ки хондани китоб, гирифтани маълумоти ҷадид бароятон ҳаром аст. Ҳол он ки шахсоне ҳастанд, ки донишгоҳи филологияро хатм накардаанду маълумоте, ки оиди забону адабиёт доранд, ба сатҳи номзадӣ лоиқ аст.

Шахсоне ҳастанд, ки ҳеҷ як донишгоҳи динӣ нахондаанду дар илми динӣ устоди мударрисони ҷомеа ҳастанд.

Омӯзишу китобхонӣ неъмате ҳаст, ки ҳама метавонем аз он истифода кунем. Ҳолатҳое ҳаст, ки ҳатман бояд баъзе умурро хондаву дониста бошем.

Ҳоло аз модарбузургу падарбузург сар карда то кӯчактарин афроди оила метавонанд, дар як рӯз бо сарф кардани камтарин вақт соҳиби маълумоти муфид гарданд. Кофист танбалиро раҳо карда, каме аз вақти худро сарфи китобхонӣ кард.

Албатта дар вақти хондан муҳиму муҳимтар вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама ҳар як фарди мусамон бояд воҷиботҳои дар гарданаш бударо донад, бо чашми худ китобҳоро варақ зада бинад. Чӣ амалҳое барояш ҳатмӣ аст, чӣ амалҳоеро метавонад сахт нагирад.

Пас аз омӯхтани воҷибот дигар ба ҳар чизе, ки алоқаманд аст аз тариқаи китоб баҳра гирад. 

Технологияи ҷадид агарчӣ ҳаёти башарро хеле осон кард, аммо аз тарафи дигар мардумро ба тамбалии бесобиқа расонид. Тамоми маълумотро бо як савол метавон аз гогил пайдо кард. Аммо фаромӯш насозем, ки ҳар чизе, ки ба осони ба даст мерасад рафтанаш низ осон аст. 

Шахсоне, ки маълумотҳои худро аз тариқаи нақл аз дигарон, шунавидану посухи интернетӣ ба даст овардаанд, асло баробари шахсоне нестанд, ки маълумоти худро аз тариқаи мутолеаву хондан ба даст овардаанд.

Вақтҳои худро бо мутолеаву ҷамъи маълумоти муфид сарф мекунем, шоҳид хоҳем буд, ки якбора ҳаёти иҷтимоии мо ранги дигар мегирад.

Муслима Аҳмадӣ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *