Русия рӯзи 25 март ба Тоҷикистон 210 дона сомонаи тестии ташхиси коронавирусро, ки худ тавлид кардааст, фиристод.
Бино ба иттилоъи сафорати Русия дар Тоҷикистон, бо ин тестҳо 21 ҳазор озмойиш дар бобати ташхиси коронавирус анҷом хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Русия дар оғози моҳи феврал низ чунин тестҳоро ба Тоҷикистон ироа дода буд.
Ҳоло пизишкони тоҷикистонӣ вазъи саломатии нафаронеро, ки қарантина шудаанд, бо кумаки ин тестҳо озмойиш мекунанд.