Баъди ба беш аз ҳазор нафар расидани шумори мубталоёни вируси коруно, шаҳри Маскав ва вилояти он карантин шуд. Ба сокинони шаҳру вилоят тавсия дода шудааст, ки дар хонаҳояшон бимонанд. Ҳамроҳ бо мардуми бумӣ даҳҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ва донишҷӯёну соҳибкорон низ дар хонаҳояшон ҳабс мешаванд.
Баромадан аз хона танҳо дар чанд ҳолати муқарраршуда иҷозат аст: барои муроҷиат ба табиб, рафтан ба кор барои онҳое, ки маҷбуранд ба кор раванд, ба мағозаи наздиктарини хӯрокворӣ ва берун бурдани ҳайвони хонагӣ, он ҳам на дуртар аз 100-метрии ҷои истиқомат. Ба гуфтаи мақомоти Маскав ба зудӣ ба ҳар нафаре, ки берун меравад лозим мешавад иҷозатномаи махсус бигирад.
Рост омадани карантин, бӯҳрони иқтисодии бархеста аз он ва поёнравии қимати нафту қурби рубли русӣ ба оғози баҳор, ба замоне ки даҳҳо ё ҳатто садҳо ҳазор муҳоҷир тоза ба кор шурӯъ мекунанд, вазъро мушкилтар кардааст. Ҳоло мавсими бепулии муҳоҷирон аст, мавсиме, ки бештари онҳо моҳҳо бо сарфакориву гирифтани қарзу ба қафо партофтани пардохти иҷорапулӣ, мунтазир буданд. Акнун онҳо маҷбуранд чанд моҳи дигар бекор дар ҳабси хонагӣ бимонанд ва мунтазири рафтани вирус шаванд.
Ҳанӯз карантин шурӯъ нашуда, ҳазорҳо муҳоҷири корӣ аз ҷои кор маҳрум шуда буданд. Баста шудани рестурону кафеҳо, бозору марказҳои савдо ва ғайра онҳоро ба кӯча партофтааст. Бархе ҳатто аз ҷои хоб маҳрум шудаанд, чун дар ҷои корашон мехобиданд. Бо шурӯъ шудани карантин бекор мондан ба ҳазорҳои дигар таҳдид мекунад ва имкони зиёди дар кӯча мондани онҳо бинобар пардохт карда натавонистани иҷорапулӣ вуҷуд дорад.
Таҷрибаи кишварҳои дигар, ки дар онҳо вирус паҳн шудааст нишон медиҳад, ки карантин дар як моҳу ду моҳ тамом нахоҳад шуд. Он ҳади ақал се моҳ давом мекунад ва имкон дорад то шаш моҳ тӯл кашад. Имкони зиёди карантин шудани шаҳрҳои дигари Русия низ хеле зиёд аст.
Таҳлилгарон пешбинӣ мекунанд, ки ҳатто бо тамом шудани карантин ва аз байн рафтани вирус ҳам барои барқарории иқтисоди Русия ҳади ақал ду сол лозим аст. Ҳамчунин пешбинӣ мешавад аз се як ҳиссаи корхонаҳо муфлис шуда, аз 3 то 5 миллион нафар мардуми ин кишвар ҷои кори худро аз даст диҳанд. Дар ин сурат имкони пайдо кардани кор барои муҳоҷирон бисёр мушкил мешавад. Имкони зиёди афзоиши муҳоҷирбадбинӣ ҳам вуҷуд дорад.
Мутаассифона дар беш аз 20 сол, ки муҳоҷират ба бахши асосии таъмини зиндагии мардуми тоҷик табдил шудааст, ҳукумат механизми ҳимоят аз муҳоҷирони корӣ дар хориҷ, бахусус Русияро бунёд накардааст ва муҳоҷирони тоҷик камҳуқуқтарин мардум дар қаламрави Русия боқӣ мемонанд. Умед бастан ба ҳукумати кишвар, ки дар ин рӯзҳои сахт ба кӯмаки шаҳрвандонаш хоҳад омад, аз гурги гурусна хостани ҳимояи гӯсфандон аст.
Гузашта аз ин, шуйӯъи вирус ва баста шудани сарҳадҳо садҳо ҳазори дигар муҳоҷирро дар ватан ҳабс кардааст ва онҳо низ на танҳо ҷои кор, балки камтарин захирае надоранд ва шояд ба зудӣ ноне барои хӯрдан пайдо накунанд. Ҳатто таъмини ҳамин гурӯҳи муҳоҷирони кории дарватанмонда бо ҷои кор ва ё кӯмакпулӣ низ барои ҳукумати Тоҷикистон муаммои ҳалнашаванда аст, чӣ расад ба фикр карданаш бар бораи муҳоҷирон дар хориҷ.
Аз кор маҳрум шудани аз 3 то 5 миллион нафар мардуми бумӣ имкон дорад на танҳо муҳоҷирони корӣ, балки онҳоеро ҳам, ки шаҳрвандии Русияро доранд аз ҷои кор маҳрум кунад. Бо дарназардошти рӯҳияи муҳоҷирбадбиние, ки дар ин кишвар вуҷуд дорад, вақте ба корфармоён интихоби аз кор рондани як ҳаммилаташ ва як ғайрирус пеш омад, дар гумон аст, ки нафари ғайрибумиро, ҳатто агар шаҳрвандии Русияро дорад, боқӣ гузорад.
Ҳоло садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик ва зану фарзандони онҳо на танҳо ба хатари бекорӣ, балки ба хатари афзояндаи табъизи наҷотӣ низ рӯбарӯ шудаанд. Ягона роҳе, ки ба назар мерасад таъсири манфии бӯҳрон ва хатароти бархеста аз онро барои тоҷикони муқими Русия камтар кунад, муттаҳид шудани онҳост. Ҳарчӣ зудтар ва бе умед бастан ба ҳукуматҳо. Чӣ ҳукумати Тоҷикистон ва чӣ Русия.