Роҳбарони кишварҳои “Гурӯҳи 20” ё G20 рӯзи 26 март бобати ихтисоси беш аз 5 триллион доллар барои пуштибонӣ аз иқтисоди ҷаҳон ибрози омодагӣ карданд.
Тавре хабаргузории Silkroadnews гузориш медиҳад, ин ваъдаи роҳбарони G20 дар баёнияи муштараки сабт шуд, ки он бо ибтикори Арабистони Саъудӣ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ин тасмим пеш аз ҳама барои коҳиш додани таъсирҳои манфии пандемияи коронавирус гирифта шудааст.