Мо мусалмонҳоро боястӣ то вақоеъро аз гӯшаи биниши ислом назар кунем ки пешравӣ ва ё бознишинии инсониятро бо меъёрҳои илоҳӣ чен мекунад, яъне ҳар қадар ба ғояи пайдоишаш ки ибодати Худои ягона ва бозсозии замин тибқи ризогии Худо аст, комёб шуда бошад,он дар хати мустақим аст.
Назари моддигаро бошад тамоман акси ин аст. Имрӯз балое бо номи коронавирус болои башарият омадааст, ки мардумро ба гурӯҳҳо тақсим кардаву ҳар яке аз зовия ва гӯшаи худ назар мекунад,ки дар натиҷа “тафсирҳои гуногун” пайдо мешавад.
Вақте чунин натиҷа ба даст омад, хоҳ нохоҳ саволе ба миён меояд, ки кадоме аз ин “тафсирҳои гуногун”-ро пазирем?
Ба навиштани ин мақола маро порчаи видеоие водор кард ки дар он итолиёиҳо дар майдоне ба зону афтодаву саҷдаву дуову зорӣ доранд ки Худованд ин балоро аз болои онҳо дур кунад. Аврупое ки ду сад соли пеш дасти динӣ таҳрифёфтаи худро кӯтоҳ карду султаи ӯро танҳо дар калисо маҳсур кард, имрӯз ночор ба зону афтодаву даст ба дуову ниёиш аст.
Илова бар ин сухани сарвазири Итолиёе ки Давинчиро ба олам дод, Бритониёе ки Шекспирро баровард, Олмоне ки Гётеро ҳадя кард, ҳамагӣ гуфтанд: «мо тадбирҳои лозимии заминиро гирифтем, боқӣ дар дастӣ осмон (Худованд) аст».
Бо вуҷуди он ки ВАО-и Ғарб чунин вақоеъро ҳамеша аз зовияи моддӣ менигарад ва баҳои моддӣ медиҳад. Шояд ин меваи озодии баён бошад ки ВАО-и Ғарб мардуми худро наметавонад манқурт кунад ва ё намехоҳад. Зеро тӯли асрҳо дар замони қайсарҳои Рум сенат вуҷуд дошт ва яккаҳокимиятӣ ғайриимкон буд. Барои мисол қатли Сезар, ки ҳукумати худкомае сохт ва сенат ба ӯ сӯиқасд ташкил карданд ва ҷумҳуриятро барқарор карданд.
Ин ду мисоле ки расонаӣ шуд, нишон медиҳад, ки мардуми Аврупо дар ниҳодашон гароиши фитрӣ ҳукумат дорад ва онон қисман дар сахтиҳо рӯй ба Худованд меоранд.
Мутаассифона намунаи акси ин гароиши фитриро дар мусалмонҳои худ дида метавонем..
Вақте сарвазирҳои аврупоӣ ҳалли мушкилиро ба “осмон” вогузор карданд, як блогери аморотӣ ба номи Абдулхолиқ Абдулло дар твитераш навишт: «он чи моро аз корона наҷот медиҳад ин тадбирҳои заминиест ки мо пеш мегирем, на он чи аз осмон меояд!!»
Ин аст тафаккури абуҷаҳлӣ. Ва ё шояд Абуҷаҳл аз ин либеролҳои «мусалмон» мусалмонтар бошад. Ҳадди ақалл Абуҷаҳл қоил буд, ки Худованд мудаббири умури олам аст. Ин либеролҳо ва ё дунявигароҳои «мусалмон» аз фитрат низ бӯйе нашаммидаанд.
Намунаи дигараш мутаассифона дар ватани мо буд, бо вуҷуди аз чаҳор тараф моро иҳота кардани короно, ҳукуматдорҳои мо мардуми бечораро водор ба «кунҷубониву», миёнҷунбонӣ кард. Бо вуҷуди он ки се давлати ҳамсояи мо гирифтори ин вабоянд, хотири ҳамсоягӣ накард. На танҳо ин балки мардуми Хуросонро сел зад, як шахс вафот кард, даҳҳо оила зарарҳои моддӣ диданд. Фақат барои он ки табъи “ҷаноби олӣ” хира нашавад, даҳҳо милён сомонӣ ба ҳаво рафт. То иди нону картошкаву кадуву пиёзу боқлаҷони ҷаноб.
Ин ду намуна аз он гӯёст, ки зулм ва худкомагӣ чи қадар мардумро аз фитрат дур мекунад. Худкомагии Раҳмон на танҳо руҳияи мардумро шикастааст, балки фитрати мардумро дорад ба нобудӣ мебарад. Ҳатто шайтон чунин корро дар хоби шабаш карда наметавонад
Биёед ба дини худ бозгардем ва аз зовияи динӣ ба ин вабо нигарем
Оё ин вабо ба сабаби зулму ситаме ки башарият ба худ ва дигарон раво мебинад, аст ва ё як ҳодисаи нохуши табииест ки бо мурури замон онро бо тадобири замини бидуни дахолати осмон метавон ҳал кард?
Афшини Муҷтабо