Манъи рафту омади саросарӣ дар Ҳинд ба хотири шуйӯъи коруно даҳҳо ҳазор коргарро дар пойтахт бекор ва бехонумон кардааст. Коргароне, ки дар Деҳлии нав бекор шудаанд мекӯшанд бо ҳар василае ва ҳатто пиёда ба рустоҳо ва шаҳристонҳои худ бозгарданд.
Давлати Ҳинд бо шиносоии нахустини мавориди ибтило ба вируси ҷадиди коруно дар ин кишвар тадбирҳои сахтгиронаеро дар дастури кор қарор дод, ки паёмади он, ба хусус барои қишрҳои фақир ва коргарони рӯзмузд ҳар рӯз ошкортар мешавад.
Ҳинд бо ҳудуди як миллиарду 300 миллион ҷамъият дувумин кишвари пурҷамъияти ҷаҳон аст. Мутобиқи дастури давлат аз нимашаби сешанбе, 24 март ин кишвари паҳновар дар карантини комил қарор дорад ва ҷо ба ҷое мусофирон ба ҳар тариқ, аз ҷумла бо автобус, қатора ва ҳавопаймо мутаваққиф шудааст.
Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд мегӯяд ҳадафи тадобири сахтгирона ҳифозат аз ҷон ва саломатии шаҳрвандон аст ва мардум бояд таҳти ҳар шароите дар хона бимонанд.
Аз панҷ рӯзи пеш тамоми марокизи омӯзишӣ таътил ва фаъолияти ҳама воҳидҳои тавлидӣ ва хадамотӣ, ба истиснои фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ, марокизи беҳдоштӣ ва ниҳодҳои амниятӣ мутаваққиф шудааст.
Гузоришгари шабакаи як телевизиони Олмон ARD дар Ҳинд рӯзи якшнбе 29 март аз Деҳлии нав гузориш дод, ки бо маҳдудитҳои эъмол шуда даҳҳо ҳазор коргари сохтмонӣ дар пойтахт аз кор бекор шудаанд ва бо таваҷҷуҳ ба таваққуфи фаъолияти васоили нақлияи умумӣ барои бозгашт назди хонаводаҳояшон бо мушкил рӯ ба рӯ ҳастанд.
Бечорагии коргарони рӯзмузд дар Деҳлии нав
Ағлаби коргарони сохтмонӣ дар Деҳлии нав муҳоҷирони шаҳристонҳо ва рустоҳо ҳастанд ва дар давраи кор дар ҳамон иморатҳои нимасохта сукунат доранд ва бо мутаваққиф шудани фаъолиятҳои сохтмонӣ ҳам бекор шудаанд ҳам бесарпаноҳ.
Бинобар гузоришҳо, дар рӯзҳои гузашта ҷамъияти анбӯҳе аз афроди бекоршуда, ки ағлаб ҷавон ҳастанд дар ҳоли тарки пойтахт ҳастанд ва ба иллати таваққуфи фаъолияти автобусҳо ва қаторҳои байнишаҳрӣ теъдоди зиёде аз он дар хурӯҷиҳои шаҳр саргардонанд ва бархе пиёда ба самти мақсад роҳ афтодаанд.
Гузоришгари телевизиони Олмон аз мушоҳидаи марди ҷавоне ба номи Роҷу хабар медиҳад, ки аз шаҳри Огаро дар 200 километри Деҳлӣ барои кор ба пойтахт омада буда ва акнун тамоми дору надорашро дар буғчае ба кул гирифта ва пиёда ба самти хона роҳ афтодааст.
Роҷу мегӯяд дар сохтмоне, ки кор мекард ду рӯзи тамом ғизое дастрасаш нашуда ва гуруснагӣ кашидааст. Ў гуфта ин вазъият дасти кам як моҳ тӯл хоҳад кашид ва ба ҳамин далел беҳтар аст ба хона бозгардад ва канори хонавода бошад.
Издиҳом дар поёнаи автобусронӣ
Манобеъи хабарӣ аз издиҳоми шадид дар поёнаи автобусронии байнишаҳрӣ дар наздикии Деҳлӣ гузориш додаанд, ки нерӯҳои полис бо тамоми тавон ва ба сахтӣ мекӯшанд ҷамъиятро мутафарриқ кунанд.
Гарчи рафту омади автобусҳо мамнуъ шуда бо ин ҳама ҳазорон коргари муҳоҷир ва рӯзмузде, ки дар Деҳлӣ бекор шудаанд ва пул ва имконе барои мондан дар пойтахт надоранд ба истгоҳҳои автобусронӣ ҳуҷум меоваранд то бо ҳар василае, ки пайдо кунанд ба зодгоҳи худ бозгарданд.
Мутобиқи тасвирҳо ва видеоҳои мунташиршуда дар бисёре аз шаҳрҳои Ҳинд муқарароти манъи рафту омад ба дурустӣ иҷро намешавад ва теъдоди зиёде аз шаҳрвандон ҳамчунон дар шаҳрҳо тараддуд мекунанд.
Масъулони маҳаллӣ ваъда додаанд барои бозгардондани коргарони бекор шуда ва саргардон дар Деҳлӣ теъдоде автобус эъзом кунанд. Масъулони Деҳлӣ низ гуфтаанд маъмурони беҳдоштиро барои муоинаи мусофирон пеш аз хурӯҷ аз шаҳр ба марокизи таҷаммӯъи коргарон мефиристанд.
Бархе коршиносон пеш аз ин эҳтимол додаанд, ки ҳудуди як миллион нафар дар Ҳинд ба вируси ҷадиди коруно ва бемории COVID-19 мубтало шаванд.
То рӯзи якшанбе наздик ба ҳазор мубтало ба вируси коруно дар Ҳинд, аз ҷумла 34 нафар дар Деҳлӣ шиносоӣ шуда ва бар асари бемории COVID-19 дасти кам 25 нафар дар ин кишвар кушта шудаанд.
Теъдоди мубталиён ба вируси коруно дар сар то сари ҷаҳон то ғуруби якшанбе ба беш аз 700 ҳазор нафар расида ва шумори қурбониён аз марзи 32 ҳазор нафар фаротар рафтааст. Дар ҳоли ҳозир Иёлоти муттаҳидаи Амрико бештарин мавориди ибтило ва Итолиё бештарин теъдоди қурбониёнро сабт кардаанд.