Зарари сел ба деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон беш аз 1,3 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Дар натиҷаи боронҳои пай дар пай ва сели шоми 21-уми март дар деҳаи Ҳалқаҷар, як нафар ба ҳалокат расид ва дар умум беш аз 200 хона зарар диданд.
Раҳматуллоҳ Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон рӯзи 31-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки зарари расида аз сел дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати Садриддини Айнӣ як миллиону 338 ҳазору 75 сомонӣ шумурда шуд.
Раиси ноҳияи Хуросон афзуд, ки давоми даҳ рӯзи гузашта зиёни расида ба сокинонро шумурданд ва ба ҳукумати вилояти Хатлон пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи Раҳматулло Сафарзода, аз маҷмӯи 238 манзили сокинон бархе осеби ҷиддӣ дида, шуморе қисман вайрон шуданд.
Ҳотам Каримов, раиси ҷамоати Садриддин Айнӣ ҳам гуфт, ки онҳо бо мақомоти вилояти Хатлон масъалаи ҷуброни зарари сел ба сокинонро дар миён гузоштанд. Мақомоти вилояти Хатлон то кунун дар ин бора ибрози назар накардаанд.