10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ҷаримаҳои қонуншикании ронандаҳо дар Тоҷикистон то ду баробар афзоиш ёфтааст

Бино ба гузориши хабаргузории давлати Ховар , сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии  Тоҷикистон подполковник Акбар Қурбонзода гуфтааст, шикоятҳои идораҳои оташнишонӣ ва хадамоти беҳдоштӣ зиёд шикоят доранд, ки  дар масири ҳаракати мошинҳо, ба нақлиёти сухторхомушкунӣ ва ёрии таъҷилии тиббӣ ронандагон роҳро холӣ намекунанд. 

Ба гуфти Қурбонзода барои пешгирӣ аз ин иқдоми бархе ронандагон ҷаримаи қонуншиканӣ  аз 150 то 300 сомонӣ, яъне ду баробар афзоиш ёфт.

сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи раёсати Бозрасии давлатии автомобилии  Тоҷикистон гуфт: бар асоси муқарароти полиси роҳнамоӣ ва ронандагии Тоҷикистон мошинҳои ҳамли бемор ва оташнишонӣ аз ҳақи ҳаракат бидуни вақфа барои расидан ба мавқеъ ба маҳалли ҳодиса  барои кумак ба беморон ва маҳори оташсӯзӣ бархурдоранд, ки дар сурати мамониат дар масири онҳо ронандагони қонуншикан ҷарима мешаванд.

Як фаоли иҷтимоӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, нисбати то ду баробар афзудани миқдори ҷарима барои хилофкориҳои ронандагон изҳори назара карда гуфт,  ҳарчанд назорати ҷиддии риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ зарурӣ аст, аммо маҳз афзудани миқдори ҷарима дар ин рӯзҳои сангин дур аз инсоф аст. Ҳоло ронандагон бо мушкилиҳои зиёд барои сузишвории мошин пул ҷудо мекунанд. Аксари вақт барои рафтан ба ҷое, то охирин дирами ҷайби худро барои сузишворӣ сарф мекунанд. Дар ҳамин ҳол бо баҳонаи роҳ надодан ба нақлиёти сухторхомушкунӣ ё беҳдошт то 300 сомон ҷарима кардани онҳо дур аз инсоф мебошад. Ба ҷои ин дар мактабҳои ронандагӣ тавре бояд омӯзиш дод, ки ҳатмӣ будани роҳ додан ба ингуна нақлиётҳоро омӯзандагони мактабҳои ронандагӣ ҷиддӣ қабул кунанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *