Ҳабдаҳ намояндаи Маҷлиси Эрон дар тазаккуре ба вазири умури хориҷаи Эрон хостори эҳзори сафири Чин дар Теҳрон ба ин вазоратхона шуданд.
Маҳмуд Содиқӣ, намояндаи мардуми Теҳрон дар Маҷлиси Эрон дар ҳисоби твиттерии худ навишт: Инҷониб ба ҳамроҳи 16 нафар аз намояндагон тайи тазакуре ба Ҷавод Зариф ба изҳороти ғайриизатмандонаи сухангӯи вазорати хориҷа дар вокуниш ба суханони сафири Чин дар Теҳрон, эътирози худро иброз доштем.
Ин намояндагон идома бо ишора ба ин ки “сафири Чин дар Теҳрон бояд ба вазорати хориҷа иҳзор шавад ва тазакури лозим ба вай дода шавад”, хитоб ба Зариф гуфтанд: ”Изҳороти сухангӯи вазорати умури хориҷа дар вокуниш ба изҳороти хориҷ аз одоб ва ғайридипламатики сафири Чин дар хусуси изҳориназарҳои коршиносии сухангӯи вазорати беҳдошт ва дармон дар мавриди пинҳонкории чиниҳо дар ироаи итилоъот роҷеъ ба вируси коруно, ки бинобар назари коршиносон муҷиби гумроҳсозии кишварҳо дар шиносоӣ, мувоҷиҳ бо ин вирус шудааст, бар хилофи хати машйи роҳбурдии “на шарқӣ ва на ғарбии Ҷумҳурии исломии Эрон” аст.
Ба ҷаноби олӣ тазаккур дода мешавад назароти бештаре нисбат ба мавзеъгирихои вазорати хорича эъмол бифармоед”
Гуфтанист рузи 5 март Киёнвуш Ҷаҳонпур, сухангӯӣ вазорати беҳдошти Эрон ба хабаргузории Анотолии Туркия гуфта буд: ”Чин бо ироаи омор ва мадорикаш ба бемории COVID-19 шухии талхе бо дунё кард. Ҳама кишварҳои даргири ин беморӣ ба истиноди мадорики Чин тасаввур карданд бемори шабеҳ ва осонтар аз бемории онфулонс аст”.
Ин изҳороти Ҷаҳонпур бо вокуниши Чонг Ҳуо,сафири Чин дар Теҳрон ҳамроҳ буд, ӯ дар твитери худ навишт: ”Вазорати беҳдошти Чин ҳар рӯз конфронси хабарӣ баргузор мекунад. Пешниҳод мекунам ки шумо барои натиҷагирии ахбор онҳоро ба диққат бихонед”.
Сипас Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам дар твитере навишт: ”Давлат ва миллати Чин пешгоми мубориза ба вируси коруно ва эътои кумакҳои саховатмандона ба соири кишварҳо дар ақсонуқоти ҷаҳон ҳастанд. Эрон ҳамвора қадрдони Чин дар ин шароити душвор будааст”.