Эҳтимоли талафи зироату мева баъди барфи дирӯза
Барфи бошиддат боридаи шаби 8 ба 9 апрел кишоварзони кишвар хусусан навоҳии вилояти Хатлонро ба ташвиш овард.
Дар натиҷаи бориши барфи бошиддат боғу зироатҳо, аз ҷумла, помидор, картошка, лӯбиё ва ғайра зери барф монда, эҳтимоли хунук задани онҳо вуҷуд дорад.
Ҷамшед Рауфов, директори Институти зироатпарварии назди Академияи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки ин барф ба соҳаи кишоварзӣ таъсири манфӣ расонида метавонад.
Ба бовари Ҷамшед Рауфов барои он хоҷагиҳое, ки аллакай кишти пунбадонаро ба анҷом расонданд, эҳтимоли гузарондани кишти такрорӣ ба миён меояд. Албатта, ин ба кишоварзон зарари калон мерасонад. Кишти пунбадона аллакай дар садҳо гектар заминҳо ба анҷом расидааст”.
Бар замми ин ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди доманакуҳҳо пурхатар шудаанд. Ҳарҷанд барф дар водиҳо ба об шудан шурӯъ кардааст, вале дар доманакӯҳҳо ва ағбаҳо бошад, барфи ғавси нимаобшуда ба якх табдил ёфтааст.
Аммо, сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард дар минтақаи Бохтар Насрулло Файзуллозода ба расона гуфтааст, ки дар ағбаҳои қаламрави вилоят вазъ ором аст ва ҳаракати нақлиёт қатъ нашудааст.
Дар ҳамин ҳол дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар қаламрави ин вилоят ягон ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта нашудааст.