Барои нахустинбор аз оғози эпидемӣ шумори беҳбудёфтагон аз мубталиён ба вируси коруно бештар шудааст. Оё ин мояи хушҳолӣ аст? Ба назар коршиносон ҳанӯз барои натиҷагирии зуд аст, зеро ин раванд метавонад маъкус шавад.
Густариши эпидемӣ дар Олмон ба вазъияти тозае расидааст: шумори касоне, ки ба думболи ибтилоӣ ба вируси коруно аз беморӣ беҳбуд ёфтаанд барои нахустинбор аз замони шуйӯъи коруно дар Олмон беш аз касоне аст, ки тести корунои онҳо мусбат шудааст.
Муассисаи Роберт Кох бомдоди якшанбе 12 апрел зимни интишори охирин омор марбут ба густариши коруно дар Олмон, таъкид меварзад, ки ин танҳо як вазъияти муваққат аст, бад-ин маънӣ, ки мумкин аст шумори афроди мубтало ба бемории COVID-19 бори дигар боло равад ва бар шумори шифоёфтагон пешӣ бигирад.
Бино ба охирин омори муассисаи Роберт Кох то кунун 60 ҳазору 200 нафар аз афроде, ки қатъан ба коруно мубтало шуда буданд, ба таври комил беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд. Ин рақам аз шумори мубталиён ба эпидемӣ болотар буд. Дар Чин, ки хостагоҳи эпидемӣ буд, ин марҳаларо гузори муваффақиятомез аз аввалин мавҷи эпидемӣ донистанд.
Бо вуҷуди ин нишондоди мусбат, наметавон бо итминон гуфт, ки дар раванди ризоятбахш дар Олмон шурӯъ шудааст. Ба назари коршиносон бояд сабр кард ва ба идомаи ин раванд чашм дӯхт.
Бояд ба хотир дошт, ки бунёдҳо ва марокизи пизишкии бисёре дар саросари Олмон ҳамакнун ба мавориди ибтило ба беморӣ мепардозанд, ки омор ва додаҳои худро ҳанӯз эълом накарда ва онро ба пас аз таътилоти Иди поки масеҳӣ вогузоштаанд.
Бино ба оморе, ки шабакаи хабарии NTV гирдоварӣ карда, шумор мубталиён ба COVID-19 ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст. Ба гуфтаи ин пойгоҳи хабарӣ то нимарузи якшанбе 12 апрел дар Олмон 122 ҳазору 857 нафар ба бемории коруно мубтало шудаанд. Аз шомгоҳи шанбе бо марги 45 нафар, шумори қурбониёни беморӣ ба 2734 нафар расидааст.
Яке аз меъёрҳои илмӣ барои шинохтани чандучуни сайри беморӣ диққат дар нархи сирояти он аст, ки дар ҳоли ҳозир дар Олмон баробар 3 / 1 аст. Бад-ин маънӣ, ки ҳар фарди мубтало ба COVID-19 метавонад вируси коруноро ба 3 / 1 нафар сироят диҳад. Тамоми талоши низоми пизишкӣ он аст, ки ин нарх поин биёяд ва хатари сироят камтар шавад.
Аз ин назар эпидемии коруно ҳамчунон дар Олмон дар ҳоли густариш аст.
Гомҳои баъдии давлат
Арзёбиҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки Олмон дар пайкор бо вируси коруно дар масири дурусте қарор дорад ва ба ҳадафи контроли комили вируси коруно наздик мешавад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд зиёд хушбин буд ва ҷониби эҳтиётро раҳо кард.
Давлати федерал ва давлатҳои иёлоти Олмон бар сари тадбирҳои маҳдудкунанда барои муқобила бо шуйӯъи бемории COVID-19 ба тавофуқ расиданд ва тадобире барои мутобиқсозии зиндагии шаҳрвандон бо шароити шуйӯъи эпидемӣ гирифтаанд.
Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи душанбе 6 апрел тасреҳ кард маҳдудиятҳое, ки барои зиндагии умумӣ ва иқтисодии ҷомеа эъмол мешавад, дасти кам то 19 апрел идома хоҳад ёфт.
Қарор аст хонум Меркел ва раисҳои иёлатҳо рӯзи чаҳоршанбе 15 апрел усули кори ин давра ва шеваи таъсири он бар раванди эпидемиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд ва пас аз он дар бораи чигунагии идомаи кор ройзанӣ кунанд.
Интизор меравад, ки Ангела Меркел ва нахуствазирони иёлотӣ рӯзи 19 апрел дар як конфронси телефонӣ дар мавриди лағви эҳтимолии бархе маҳдудиятҳо ё тағйири онҳо баҳсу гуфтугӯ кунанд.