Рубрики Хабарҳо

Ибрози нигаронии шадиди сиёсатмадорони ҷаҳон аз таҳаввулоти ахири Тунис 

Шуморе аз кишварҳои ҷаҳон нисбат ба барканории нахуствазир ва парокандасозии парлумон аз сӯи Қайс Саид, раисҷумҳури Тунис эъломи мавзеъ кардаанд. Кохи Сафед гуфта бо мақомоти аршади Тунис дар иртибот аст. Аҳзоби Тунис ин иқдоми Саидро “кудато” эълом кардаанд. 

Телевизиони давлатии Тунис муддаӣ шуда, ки мардум ба хиёбонҳо омада ва аз иқдоми раисҷумҳурии ин кишвар барои ба истеъфо фиристодани нахуствазир ва ҳамчунин парокандасозии парлумон иброз хушнудӣ кардаанд. 

Ин дар ҳолест, ки аҳзоби сиёсии Тунис ва аз ҷумла нерӯҳои исломгаро, иқдоми Қайс Саидро “кудато” хонда ва маҳкум кардаанд. 

Ҷин Псаки, сухангӯи Кохи Сафед гуфтааст, ки Амрико нигарони авзоъи Тунис буда ва аз ҳамаи нерӯҳои сиёсии ин кишвар дархост кардааст то дар ростои коҳиши таниш ва бозгардондани оромиш ба ин кишвар талош кунанд. 

Сухангӯи Кохи Сафед ҳамчунин таъкид кардааст, ки мақомоти Амрико бо масъулони аршади Тунис дар иртибот ҳастанд. Псаки дар айни ҳол гуфтааст, ки Амрико дар шароити кунунӣ ҳанӯз наметавонд таҳаввулоти сиёсии имрӯзи Тунисро “кудато” арзёбӣ кунад. 

Тунис дар ҳоли ҳозир ва дар иртибот бо ҳамагирии коруно дар яке аз шадидтарин буҳронҳои иқтисодии худ пас аз суқути ҳукумати Бин Алӣ қарор дорад. 

Вокунишҳои байналмилалӣ 

Сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст: “Мо аз ҳама фаъолони сиёсии Тунис дархост мекунем ба қонуни асосии ин кишвар, ба муассисот ва ниҳодҳои он ва ҳамчунин ба ҳукумати қонун эҳтиром бигузоранд.” 

Сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо низ ҳамчун Кохи Сафед хостори хештандории нерӯҳои фаъол дар Тунис шуда ва аз онҳо хостааст барои бозгардондани субот ба кишвар аз хушунат бипарҳезанд. 

Аҳмад Абулғайт, дабири кулли Иттиҳодияи араб низ дар тамоси телефонӣ бо вазири умури хориҷаи Тунис аз ҳимоят ва пуштибонии ин Иттиҳодия аз мардуми Тунис сухан гуфтааст. 

Ӯ ибрози умедворӣ кардааст, ки ба зудӣ ин авзоъи тӯфонӣ ба поён расида ва субот ва амният дар ин кишвар муҷаддадан барқарор гардад. 

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл низ гуфтааст, ки Русия бо диққати таҳаввулот Тунисро думбол мекунад. Ў дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфтааст: “Мо умедворем ҳеҷ чиз субот ва амнияти мардуми ин кишварро таҳдид накунад.” 

Вазорати умури хориҷаи Фаронса низ хостори бозгашти ҳарчи сареътари Тунис ба авзоъи одӣ ва “истиқрори як давлати коромад” дар ин кишвар шудааст. 

Фаронса низ аз ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ дар Тунис дархост кардааст аз хушунат парҳез карда ва дар ростои танишзудоӣ иқдом кунанд. 

Вазорати умури хориҷаи Қатар низ хостори бозгашти нерӯҳои сиёсии Тунис ба пушти мизи музокира барои поён додан ба буҳрони сиёсии кунунӣ шудааст. 

Файсал ибни Фараҳон, вазири умури хориҷаи Арабистони саудӣ ва Иброҳим Колин сухангӯи давлати Туркия низ хостори поён ёфтани буҳрони сиёсии ин кишвар шудаанд. 

Марио Отбор, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Олмон низ гуфтааст, ки ин кишвар умедвор аст Тунис ҳар чӣ зудтар ба назми муттакӣ бар қонуни асосии худ бозгардад. 

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Олмон гуфтааст, ки «демокрпсии кунунии Тунис реша дар ҷунбиши эътирозии соли 2011 ин кишвар дорад.” 

Отбор зимни ибрози нигаронӣ аз авзоъи Тунис гуфтааст, ки ин кишвар ҳанӯз бар он нест то унвони “кудато”-ро бар таҳаввулоти сиёсии ин кишвар биниҳад. 

Созмони афви байналмилал аз Қайс Саид дархост кардааст то ба ҳуқуқи башар дар ин кишвар эҳтиром гузошта ва иқдоме барои маҳдуд кардани озодии баён ва таҷаммӯъоти сулҳомез анҷом надиҳад. 

Раисҷумҳури Тунис як рӯз қабл дар иқдоми ғофилгиркунанда Ҳишом Ал-амшишӣ, нахуствазирро барканор кард ва парлумонро ба ҳоли таълиқ даровард. 

Тасмими Қайс Саид дар пайи густурда шудани эътирозот ба наҳваи муқобила бо шуйӯъи коруно дар ин кишвар гирифта шудааст. 

Раисҷумҳури Тунис дар нишасти изтирории асри рӯзи якшанбе 25 июл бо намояндагони артиш ва ниҳодҳои амниятии ин кишвар эълом кард, ки аз ин пас худ ба ҳамроҳи нахуствазири ҷадид идораи умурро дар даст хоҳад гирифт. 

Ӯ ҳамчунин иқдом ба бекорсозии масунияти куллияи намояндагони Маҷлис кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *