10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз сиёсат канор зада шуд?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаш узви Маҷлиси Миллиро таъин кард. Байни онҳо номи Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқадортарин сиёсатмадори кишвар, ки аз замони таъсиси Маҷлис роҳбарии онро ба дӯш дошт, ҳузур надорад. Раҳмон ҳақ дорад 8 нафарро ба Маҷлис фиристад.   

Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод, Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо, Дӯстзода Ҳасан Тағдир, Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир, Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ ва Ҷабборӣ Бурҳониддин Исҳоқ — аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъин гардиданд.

Қарор аст ду рӯз пас, ҷумъа, 17 апрел аввалин ҷаласаи даъвати нави Маҷлиси Миллӣ баргузор гардад ва дар он раиси нави он интихоб шавад. Коршиносон пешбинӣ мекунанд ба курсии раёсати сенати Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон такя хоҳад зад.

Ҳамчунин бештари коршиносон ба ин назаранд, ки сабаби ба таъхир андохтани карантин дар Тоҷикистон ва эътирофи вуҷуди вируси коруно низ маҳз ҳамин “интихоб”-и Рустам ба садри Маҷлиси Миллӣ аст. Ин фарзия ҳоло на танҳо дар доираи коршиносон матраҳ мешавад, балки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба ин боваранд ва мунтазиранд, ки маҳз раиси нави Маҷлис карантинро эълон хоҳад кард. 

Зоҳиран, бо ба таъхир гузоштани таъини ду нафари боқимонда ба узвияти Маҷлиси Миллӣ, Эмомалӣ Раҳмон хостааст интригаро нигаҳ дорад ва аз комилан мутмаъин шудани ҷомеъа ба таъини писараш то охирин фурсат ҷилавгирӣ кунад. 

Имрӯз ҳамчунин бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғафор Азиз — муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидвализода Барно Саиднабӣ — Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шариф Раҳимзода — Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шуданд.

Бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Нурулло — мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Риозода Нуралӣ Раҳмоналӣ — муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Ёқуб Борон — директори Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳайдарзода Анвар Ҳайдар — Машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои хизмати давлатӣ таъиншударо “ба фаъолияти содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат, рафъи камбудиву норасоиҳо ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳидоят” кардааст.

Дархости 2 солу 4 моҳ зиндон ба

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *