Рубрики Хабарҳо

Ҷамшед Зиёев, раиси собиқи Тоҷпромбонк боздошт шуд

Раиси собиқи бонки муфлисшуда — “Тоҷпромбонк” шоми дирӯз аз ҷониби кормандони прокуратура боздошт гардидааст. Дар ин бора Азия-Плюс бо истинод ба манбаъаш хабар медиҳад. Зиёев айни замон дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қарор дорад.

Тибқи баъзе маълумот, имкон дорад ба боздоштшуда айбномаҳо дар мавриди ғайриқонунӣ додани қарз, камомад ва азхудкунии маблағҳои амонатгузорон пешниҳод гардад. «Тоҷпромбонк» феълан дар марҳилаи анҷоми расмиёти барҳамдиҳӣ қарор дорад.

Қаблан, ки замони роҳбарӣ дар «Тоҷпромбонк» Зиёев маблағи амонатгузоронро барои пружаҳои  худаш истифода мекард. Бештари қарзҳои барнагаштаи ин бонк ба ширкатҳое рост омадаанд, ки ба худи Тоҷпромбонк таъаллуқ доранд.

Масъулони  барҳамдиҳии «Тоҷпромбонк» ба «Азия-Плюс» гуфтаанд, ки дар бораи боздошти собиқ раиси бонк огаҳӣ надоранд. Охирин бор зиёев ду рӯз қабл — рӯзи душанбе дар дафтари асосии кории бонк ҳузур доштааст.

То ҳанӯз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин маълумотро тасдиқ ё инкор накардаанд..

Бино ба маълумоти охир, айни замон 2070 шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба «Тоҷпромбонк» ба маблағи умумии 266 млн. сомонӣ қарздоранд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк наздики 550 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти аз ҷониби ҳукумат интишоршуда, дар рӯйхати амволи «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз ҷумла бинои асосии дафтари корӣ, 21 бинои филиалҳо, ҳамчунин хонаҳои истиқоматии сершумор, коргоҳҳои истеҳсолии хурд, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра номнавис шудааст.

Чуноне ки қаблан Паём хабар дода буд, дебиторҳои асосии Тоҷпромбонк танҳо 12 ширкат ҳастанд. Маблағи умумии қарзи онҳо аз бонк 219 миллион сомонӣ ё 25 миллион доллар мебошад.

Қарз аз дасти чап ба дасти рост

Ҷустуҷӯ дар манбаъҳои дастрас нишон доданд, ки бештари пулҳоро Тоҷпромбонк ба пружаҳои худаш ҷудо кардааст.

Масалан санадҳо нишон медиҳанд, ки аз номи Тоҷпромбонк ду ширкат, ки ба хизматрасонӣ машғуланд ба қайд гирифта шудаанд — Даҳбед Д и Даҳбед М. Ин ду ширкат аз бонк ба маблағи 20,7 миллион сомонӣ ($2,3 млн) қарз гирифтаанд. То имрӯз он қарзҳо баргардонида нашудаанд.

ЧДММ “ТПТ-ПЭТ”, ки моликаш худи Тоҷпромбонк аст, ба бонк 27 миллион сомонӣ ($3 млн) қарздор аст. Аз ин бонк ҳамчунин “ТПТ авто”, ки ба ҳамул нақли мошинҳо машғул аст, 6 миллион сомонӣ ($681 ҳазор) қарз гирифтаву барнагардонидааст.

Ширкати “Промстрой”, ки ба Тоҷпромбонк 3,4 миллион сомонӣ ($386 ҳазор) қарздор аст, ба “Тропикан инвест” таъаллуқ дорад, ки ба сохтмон машғул аст. Дар навбати худ “Тропикан инвест” ба Тоҷпромбонк таъаллуқ дорад.

Бузургтарин қарзро назди Тоҷпромбонк  “ТПБ-АКВА”, дорад ки ба 60,7 миллион сомонӣ ($6,8 млн) баробар аст.  “ТПБ-АКВА” мутаъаллиқ ба писари роҳбари бонк Ҷамшед Зиёев — Зиёев Азиз Ҷамшедович мебошад. Ба номи Азиз Ҷамшедович ҳади ақал се ширкати дигар ба қайд гирифта шудааст:  “ТПБ-Ангишт”, ки ба коркарди ангишт машғул аст, ширкати тиҷории “ТПБ-Капитал” ва ширкати авиатсионии лизингии “АДМ-Эйр”.

Ба кадом як ширкати ҳавопаймоии воқеъ дар Ҳамбурги Олмон, Тоҷпромбонк 15 миллион сомонӣ ($1,7 млн) додааст.

Дебиторҳои бузурги дигари бонк ширкатҳои “Олим Текстайл” ва “Коттон Текстайл” ҳастанд, ки ба Ҷамшед Абдулов Абдулов таъаллуқ доранд. Ин соҳибкор асосан ба тиҷорати пахта дар Тоҷикистон машғул аст. Амалан тиҷорати пахтаи Тоҷикистон ба додарарӯси раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад. Абдулов аз Тоҷпромбонк 39 миллион сомонӣ  ($4,4 млн) қарздор аст.

Ширкати “Ҷаҳон Сайр”, ки ба хизматрасонии авиатсионӣ машғул асту ба Беҳрӯз Ҳасан таъаллуқ дорад аз Тоҷпромбонк 21 миллион сомонӣ ($2,3 млн) қарз гирифтааст. Беҳрӯз Ҳасан писари як корманди баландпояи Додситонии кулл аст.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *