11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Фавти ҳади ақал се муаллим дар ду рӯз дар Хуҷанд

Дар ду рӯзи охир ҳади ақал се муаллим дар шаҳри Хуҷанд аз гирифторӣ ба вируси коруно ба шаҳодат расиданд. Гуфта мешавад вирус байни омӯзгорони шаҳр бештар аз ҳар касбу кори дигар паҳн шудааст.

Манбаъи Паём дирӯз аз даргузашти муаллими 31-солаи суруд дар мактаби рақами 24и шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Ҳомидов иттилоъ дода буд. Имрӯз аз марги муаллимаи синфҳои ибтидоии ҳамин мактаб Ҷалилова Моҳинисо хабар расид.

Ҳамчунин имрӯз аз гирифторӣ ба COVID-19 омӯзгори Гимназияи №1-и Хуҷанд Набиева Тӯҳфаҷон ҷони худро аз даст дод. Чанд рӯз қабл як муаллими дигари ҳамин гимназия ба шаҳдат расида буд.

Манобеъ мегӯянд омӯзгорони чанд мактаби шаҳри Хуҷанд тақрибан пурра гирифтори COVID-19 шудаанд. Аввалин нишонаҳои гирифторӣ ба коруно байни муаллимони шаҳр дар охири моҳи март ва аввали моҳи апрел шурӯъ шудааст. 

Тахмин меравад аввалин гирифторон дар ҷашни Наврӯз ё “марширофка”-ҳои қабл аз он мубтало шудаанд

Сообщение ПАЁМ.net.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *