1. Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон , ба зидди бархе аз тоҷирони дору дар пойтахт панҷ парванда кушодаанд. Ин афрод барои ба таври сунъӣ боло бурдани нархи доруҳо ва лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла ниқобу либосҳои муҳофизатӣ, гумонбаранд.
2. “Радиои Озодӣ” , ки бо ташаббус ва дастури раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бемористони марказии ин вилоят дар шаҳри Хоруғ ба Интернети дорои суръати баланд пайваст карда мешавад, то беморон, кормандони шифохона тавонанд, бо наздикони худ дар тамоси доимӣ бошанд ва вақташон дар бемористон хуб гузарад.
3. “Паём” , ки Амирқул Бобоев муовини сардори Раёсати КДАМ дар Душанбе се рӯз пеш дар бемористони касалиҳои сироятии пойтахт, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ шудааст. Ташхиси ӯ вуҷуди бемории COVID-19 дар ҷисмашро тасдиқ кардааст.
4.” Бонки миллии Тоҷикистон маълумот дар бораи бемории кормандонаш, аз ҷумла ду муовини раиси он Ҷамолиддин Нуралиев ва Ҳамидулло Машрабзодаро такзиб карда , ин ҳарфҳо “асоси воқеӣ надошта, кисме аз кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар рухсатии меҳнатии нақшавӣ қарор доранд ва кормандони боқимонда ба иҷрои вазифаҳои худ идома дода истодаанд”.
5. “Ховар” , ки 5 май суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И баргузор гардид. Онҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар арсаҳои гуногун ва иқдомҳои муштараки ду кишвар дар самти мубориза бо ҳамагирии Ковид-19-ро баррасӣ карданд.
6. “Ахбор” бо истинод ба сойти BFM.RU , ки сармоядорони Русия Давид Якобашвили ва Ян Яновский рӯзи 5 май маъракаи бузурги хайрия барои кумак ба муҳоҷирони дар пайи буҳрони коронавирус бекормондаро оғоз карданд. Барномаи #ПомощьЕСТЬ! пуштибонӣ ва таъмини хӯроквории муҳоҷирони кориро ба ҳадаф дорад. Қарор аст, ризокорон ҳар рӯз ба маконҳое, ки муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, хӯрок баранд. Ин маърака бо тақсими то 250 бастаи хӯрок дар як рӯз оғоз ёфта, батадриҷ бояд шумораи бастаҳои кумак дар як рӯз ба 500 расонда хоҳад шуд.
7. “Радиои Озодӣ” Фазлиддин Аҳмадов, молики корхонаи «Файз» дар Хуҷанд дастгоҳи худкори «дезинфексия» ё зиддиуфуниро сохтааст, ки барои насб кардан дар даромадгоҳи бозору бемористонҳо ва биноҳои баландошёна пешбинӣ шудааст. Ӯ мегӯяд дастгоҳ имкон медиҳад, сокинон натанҳо дасти худро бо маҳлулҳои беҳдоштӣ пок кунанд, балки либосашонро низ «безарар» гардонанд.
8. “Паём” бо истинод ба Хайрулло Саидов, писарбузурги соҳибкори маъруф, вазири собиқи саноат ва бунёдгузори ҳизби номнависнашудаи “Тоҷикистони нав” Зайд Саид аз гирифтории ӯ ба бемории нишонаҳояш шабеҳ ба вируси коруно .
9. “Спутник” бо истинод ба мақомоти тандурустии ВМКБ дар ҷаласаи ахири Ситоди вилоятӣ барои пешгирии бемории коранавирус , ки беш аз 120 нафар гирифтори илтиҳоби шуш дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.
10. “.Азия Плюс” хабар раҳбарияти Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатӣ даъват кардааст вобаста ба имконияти иқтисодиву молиашон барои мубориза бо бемории СОVID-19 маблағ ҷудо кунанд.
11. “Ховар” бо истинода ба Вазорати тандурустӣ ки дар Тоҷикистон ду рақами кутоҳи телефонҳои боварӣ — 311 ва 511 фаъол мебошанд ва шаҳрвандон метавонанд ҳама гуна маълумоти заруриро оид ба масъалаҳои тандурустӣ дастрас намоянд. «Мутахассисони пуртаҷриба ба саволҳои марбут ба ҳифзи саломатӣ, дар сурати тағйир ёфтани вазъи саломатӣ чӣ кор кардан, ба куҷо муроҷиат намудан ва кадом ташхисҳоро супурдан ҷавоб мегӯянд. Ҳамчунин тавассути ин рақамҳо дигар маълумоти мубрами рӯзро метавон пайдо кард», — гуфтааст намояндаи вазорат.
12. Дафтари матбуотии раисҷумҳур , ки имрӯз суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор гардид. Рӯҳонӣ барои расонидани кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо таҷҳизот, мутахассисони соҳавӣ ва маводи доруворӣ изҳори омодагӣ намуд.
13. “Радиои Озодӣ” аз “облава” ё сарбозшикори 4 пизишк дар Зафаробод д, ки гуфта мешавад яке аз онҳо узви ситоди муқобила бо COVID-19 будааст. Феълан дар бемористони марказии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 18 нафар бо шубҳаи бемории ҳамагир зери карантинанд. Масъулони комиссариати ҳарбии ноҳияи Зафаробод мегӯянд, ки ҷавонон ихтиёрӣ ба артиш рафтанд.
14. “Паём” косулгарии Тоҷикистон дар Истамбул аз кӯмаки мардуми турк, ки барои муҳоҷирон ҷамъоварӣ мекунанд, сӯистифода кардааст. Ин ниҳод на танҳо кӯмакҳоро аз номи ҳукумати Тоҷикистон тақсим карда, балки байни муҳоҷирон фарқгузорӣ намудааст.
15. Вазорати тандурустӣ эълом кард ки теъдоди гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон ба 379 нафар расидааст. Талафот 8 нафар шуд. Дар 24 соати гузашта дар кишвар 86 мавриди нави сирояти бемории COVID-19-ро сабт кардааст ва бо ҳамин теъдоди гирифторон то рӯзи 6-уми май ба 379 расид.
16. Федерасюни футболи Тоҷикистон аз дароз кардани муддати таътил дар бозиҳои футбол . Қаблан он то 10 май муайян шуда буд.
17. “Паём” , сардухтури осоишгоҳи хусусии «Авис»-и шаҳри Истаравшан мубталои COVID-19 шуд. Ҷамшед Нарзуллоев, бо гирифторӣ ба вируси коруно бистарӣ шудааст.
18. “Озодӣ” , Иёлоти муттаҳидаи Амрико эълон кард, ки ба Тоҷикистон барои муқобила бо коронавируси нав 1 миллиону 690 ҳазор доллари дигар кумак мекунад. Чанд рӯз қабл Амрико наздики 700 ҳазор кӯмак карда буд.
19. “Спутник” , ки Шералӣ Кабиров, яке аз роҳбарони калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон, “Талко” барои мубориза бо коронавирус дар кишвар 600 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
18. Паём , ки имрӯз ғазалсарои маъруф, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аюбӣ бо писараш Сафаралӣ Аюбӣ бо табъи баланд ба беморхона оварда шуда, барои ташхис бистарӣ шудаанд. Аз онҳо аллакай ташхис гирифтаанд, вале ҳанӯз натиҷааш эълон нашудааст.
19. Рӯзноманигор Абдураҳмон Раҳмонов, ки бо “илтиҳоб шуш” бистарӣ шудааст аз навбатпоии зиёд паси дархои табибон, нархҳои осмонии дорухо ва рентгенхабар дода суол , ки “кӯмакхо ба кишвар расидаистодааст. Кани? Магар намешавад акалан 50% дар ин шабу руз ба мардум осони бахшем? 7-дорухонаро гаштам доруҳои фармудаи табибамро наёфтам”
Сообщение ПАЁМ.net.