Рубрики Хабарҳо

15 пизишки чинӣ вориди Ӯзбекистон шуданд

Ба гузориши расонаҳои Узбакистон, ба ҳамроҳи тими 15-нафараи пизишкии Чин, васоили пизишкии эҳдоии ин кишвар, шомили ниқобҳои пизишкии муҳофизатӣ, дастгоҳҳои кӯмаки танаффусӣ ва либосҳои муҳофизи пизишкӣ ва бастаҳои тести коронавирус ва бархе васоили дигар низ ба Тошканд мунтақил шудааст.

Коршиносони ин тими пизишкӣ, мутахассисони заминаҳои гуногун, аз ҷумла вирусшиносӣ, хурӯҷшиносӣ, тибби суннатии Чин, муроқибатҳои вижаи бемористонӣ ва назорати уфунати бемористонӣ аз чандин бемористони Чин ҳастанд.

Ин тими пизишкӣ ҳамчунин хадамоти пизишкӣ ба чиниҳои муқими Узбакистон ироа хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон аз фурӯши маҷбурии либосҳои муҳофизи пизишкӣ хабар медиҳанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *