11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Идомаи фурӯши маҷбурии либосҳои муҳофизатӣ ба табибон

Табибони бемористони Қарияи болои Душанбе ҳам аз фурӯши маҷбурии либосҳои муҳофизатти тиббӣ хабар додаанд. Қаблан ин гуна фурӯшҳои маҷбурӣ дар чанд беморхонаи дигар расонаӣ шуда буд.

Табибони беморхонаи Қарияи боло гуфтаанд аз онҳо талаб шудааст, то бо пардохти 200 сомонӣ дода, васоили махсуси ҳимоят аз коронавирус — комбинезонҳои селофанӣ ва айнак бихаранд. Ба гуфтаи табибон, аз онҳо ҳамчунинхостаанд бо пули худашон памперс харида, захира кунанд, то дар сурати шуйюъи бемории коронавирус омода бошанд.

Дар ҳамин ҳол, Лола Яқубова, адвокати шинохта аз вилояти Суғд хабар додааст, ки дар бархе минтақаҳои ин вилоят ба табибон фармудаанд, ки 150 сомонӣ дода, комбинезон бихаранд. Инро кормандони тиб аз ноҳияи Спитамен тасдиқ карданд ва гуфтанд, аз онҳо талаб карданд, ки ё 150 сомонӣ дода, комбинезони тайёр бихаранд ваё худашон аз ҳисоби худашон чунин комбинезон бидӯзонанд.

Муҳаббат Аюбова, як корбари Фейсбук навиштааст, ки алакай барои айнаку либоси махсус аз ҳисоби маоши табибон 200 сомонӣ гардондаанд.

Тоҷикистон нахустин кишвари дунёст, ки бо вуҷуди дарёфти кумакҳо барои пешгирӣ аз коронавирус табибонашро маҷбур мекунанд, то аз ҳисоби худ либоси корӣ бихаранд.

Сомонаи «Ахбор” бо истинод ба се табиби бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе фурӯши маҷбурии либосҳои муҳофизатӣ барои табибонро тасдиқ кардааст.

Ҳамсуҳбатон «Ахбор гуфтаанд «Ба мо гуфтанд, ки аз ҳисоби маоши ҳар кадомат 200 сомонӣ барои комбинезон ва айнак мегардонем. Ҳамин тавр, амр карданд, то ҳар табибу ҳамшираи шафқат ва парастор миқдори кофии памперс харида, захира кунад. Ин ҳам аз ҳисоби худи кормандон. Қарори маълум, агар бемории коронавирус авҷ бигирад, барои табибоне, ки ба табобати чунин беморон машғул мешаванд, пӯшидани комбинезон ва айнаки махсус ҳатмист. Ҳамчунин онҳо дар давоми басти корӣ бояд ҳадди имкон аз рафтан ба ҳоҷатхона ҳам худдорӣ кунанд. Ба ин далел, дар аксари кишварҳо табибони машғули табобати беморони коронавирус дар давоми басти корӣ бояд памперс бипӯшанд. Вале то ҷое медонем, ба ғайр аз Тоҷикистон, дар ягон кишвари дунё хароҷоти таъмини кормандони тиб бо васоили махсус ба гардани табибон бор карда нашудааст”.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *