Кабирӣ дар бораи ғасби ҳокимият, хонигарӣ ва қиёми мардумӣ
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ғасби ҳокимият ва табдили кишвар ба як хонигарӣ гунаҳкор кард ва аз шаҳрвандони кишвар даъват намуд омодагӣ ба як қиёми мардумиро шурӯъ кунанд.
Дар гуфтугӯи мустақим бо мардум, ки шоми шанбе, 18 апрел баргузор шуд, раҳбари ПМТ ба масъалаи “интихоб”-и Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Маҷлиси Миллии Тоҷикистон пардохт ва онро “ҷинояти давлатӣ ва хиёнати миллӣ” номид.
“Президент Эмомалӣ Раҳмон бо манипулятсия, бо бозӣ кардан бо қонунгузории кишвар ва бо истифода аз қудрати сиёсӣ, низомӣ ва молие, ки дар ихтиёри худ ва хонаводааш дорад, дирӯз писари худ Рустами Эмомалиро нафари дуввуми кишвар гардонд” — изҳор дошт Кабирӣ ва таъкид кард, ки ин ҳодиса ҷуз ғасби ҳокимияти давлатӣ ва ҷинояту хиёнати миллӣ номи дигаре надорад.
Раиси ҲНИТ гуфт, ки дар 30 соли охир 4-5 намунаи ғасби ошкор ва 2-3 намунаи ғасби пӯшидаи ҳокимият сурат гирифтааст: “Ғасби ҳокимият метавонад бо роҳҳои табаддулоти низомӣ, табаддулоти конститутсионӣ, саботажи иқтисодӣ ё монополия кардани иқтисод, манипулятсия ё бозӣ кардан бо қонунҳо, ҷорӣ кардани непотизм ё хешутаборчигӣ ва сӯистифода аз мансаб сурат гирад. Дар тӯли 28 соли ҳукуматаш Эмомалӣ Раҳмон аз 5 ё 6 намуди ғасби ҳокимият истифода кардааст”.
Ӯ аз аввалин табаддулот дар соли 1992, ки Раҳмон Набиев аз қудрат дур ва сипас кушта шуд ёдоварӣ кард ва онро табаддулоти конститутсионӣ номид. Намунаи табаддулоти низомиро Кабирӣ ҳамлаи Эмомалӣ Раҳмон бо кӯмаки “хоҷагони хориҷиаш” Ислом Каримов ва сарҳанг Квачков мисол зад. Монополия кардани иқтисод аз тарафи хонаводаи Раҳмонро ғасби ҳокимияти иқтисодӣ номид ва гуфт “инак мо шоҳиди он шудем, ки чӣ гуна як нафар бо истифода аз мансаб ҳукуматро хонаводагӣ кард”.
Раҳбари Паймони Миллӣ насби Рустами Эмомалӣ ба курсии раёсати Маҷлиси Миллиро ҳамчунин табаддулоти конститутсионӣ номида, қайд кард, ки “Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз як кишвари низомаш ҷумҳурӣ ба як хонигарӣ табдил дод. Ва қайд кард, ки раисҷумҳури Тоҷикистон бо услуби Чингизхон пеш меравад ва чигунае, ки Чингизхон минтақаву кишварҳоро байни фарзандонаш тақсим карда буд, Раҳмон ҳам кишварро байни фарзандонаш тақсим кард.
Муҳиддин Кабирӣ аз онҳое, ки дар дохили кишвар қарор доранду бо ҳар роҳе — чӣ ишора ва чӣ киноя ва чӣ бо навиштани мақолаеву саволгузорие эътирози худро баён мекунанд ситоиш кард ва гуфт набояд аз онҳо таваққӯъи бештаре дошт. Аммо аз онҳое, ки дар хориҷ қарор доранд ва дасти ҳукумати Раҳмон ба онҳо намерасад даъват кард бо ҳар роҳу василае, ки имкон ва шароиташро доранд, бидуни хушунат алайҳи ин табаддулот мубориза кунанд.
“Дигар вақти он нест, ки мо ин масъаларо аз нигоҳи тарафдори оппозитсия, тарафдори ҳукумат ё бетараф будан баҳо диҳем. Инҷо як ҷиноят ва хиёнати миллие содир шуда истодааст, ки ояндаи давлати моро шояд барои даҳсолаҳо ва садсолаҳо муайян кунад, агар мо даст ба иқдом назанем. Аммо агар даст ба як иқдоми огоҳона ва миллӣ бизанем, ман мутмаъинам, ки ин вазъият тӯлонӣ нахоҳад буд ва дар ояндаи наздик як тағйироти ҷиддие дар сиёсати кишвар рух хоҳад дод” — таъкид намуд раҳбари мухолифин.
Кабирӣ гуфт, Рустами Эмомалӣ бояд бидонад, ки марҳалаи расиданаш ба ҳукумат ва қудрат бо як ҷиноят ва табаддулоти конститутсионие, ки падараш содир кард шурӯъ шуд ва ӯ ҳамдасти ин ҷиноят аст.
Дар бораи ин ки миллат бо ин табаддулот бояд чӣ кор кунад, раҳбари Паймони миллӣ гуфт: “ман фикр мекунам, ки дигар роҳи тағйири вазъият тавассути интихоботҳо тамом шуд. Ин роҳро Раҳмон баст. Мемонад ягона роҳ — қиёми миллӣ”.
Дар бораи чигунагӣ ва замони қиёми миллӣ раиси ҲНИТ гуфт, ки рӯзи онро худи мардум муайян мекунад ва вақте мардум онро муайян кард дигар касе наметавонад пеши роҳи онро бигирад. “Вазифаи мо ва огоҳони миллат ин аст, ки мардумро аз ин қонуншиканӣ огоҳ кунем, ин қиёми мардумиро рӯз ба рӯз, соат ба соат наздиктар кунем ва вазифаи мардум ин аст, ки ба ҳарфи онҳое, ки дар фикри ояндаи мову шумо ҳастанд гӯш бидиҳанд ва мунтазири он соат бошанд”.
Раҳбари ПМТ гуфт онҳое, ки қиём карданд на ҷинояткор, балки қаҳрамонони миллие хоҳанд буд, ки роҳи ҷиноят ва табаддулоту ғасби ҳокимиятро гирифтанд. “Шояд режими Раҳмон инҳоро ҷинояткор биномад ва зиндонӣ кунад, аммо мову шумо, миллати азиз бояд инҳоро мубориз ва қаҳрамон бидонем. Аз ҳама муҳимаш мо инҳоро бояд барқароркунандаи сохти конститутсионӣ, адолати иҷтимоиву судӣ ва қонуният дар Тоҷикистон бояд биҳисобем. Зеро ҳукумати Раҳмон бо ҳукумати имрӯзааш Конститутсияро поймол карданд, шакли ҷумҳурияти Тоҷикистонро ба як хонигарӣ табдил доданд, ки ин хиёнат ба сохти конститутсионӣ аст”- таъкид дошт Муҳиддин Кабирӣ. .
Шакли пурраи баромади раҳбари Паймони миллиро инҷо бубинед: