Нишасти фавқулъодаи вазирони умури хориҷаи кумитаи иҷроӣ Созмон ҳамкории исломӣ фардо баргузор мешавад.
Вазорати умури хориҷаи Туркия тайи баёниае эълом кард, ки нишасти фавқулъода кумитаи иҷроӣ Созмони ҳамкории исломӣ фардо аз тариқи видеоконфронс баргузор хоҳад шуд.
Дар ин баёния ҳадаф аз нишасти мазкур, тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии кишварҳои узв барои муқобила бо шуйӯъи COVID -19 ва баррасии иқдомоти лозим эълом шудааст.
Ин нишаст ба ибтикори Туркия бо ҳузури вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ баргузор хоҳад шуд.