Баъди пешниҳоди ҷашни иди картошка аз тарафи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, номи картошка аз сархати расонаҳои кишвар дур намешавад. Ин раванд аллакай дар Тоҷикистон анъана шудааст, ки барои ҳар мева ё сабзавоте агар ид эълон карданд, қимати он дарҳол боло меравад. Ҳоло нархи картошка дар бозорҳои кишвар ба 8 сомонӣ расидааст. Картошкаи нав 15 сомонӣ.
Раҷаббой Аҳмадзода, ки баъди он эълонаш лақаби “Раҷаби тушка”-ро соҳиб шудааст, дар ҷашни иди картошка бо ҳузури раисҷумҳур эълон кард мақомоти вилояти Суғд тасмим доранд дар панҷ соли оянда ҳосили картошкаро ба 1 миллион тон расонанд. Ҳоло тибқи иттилоъи вазорату кумитаву агентиҳо, ки оморҳояшон ҳаргиз ба ҳамдигар рост намеоянд, дар Тоҷикистон солона аз 800 то 900 ҳазор тон картошка истеҳсол мешавад. Агар Аҳмадзода ҳосил дар Суғдро ба 1 млн тон расонад, дар ҷумҳурӣ он ба 2 млн тон хоҳад расид. Чун дар гумон аст, ки ҷануб аз шимол ё масалан Лахш аз Деваштич дар картошкарӯёнӣ “қафо монад”.
Нишондиҳандаи 1 миллион тонро аллакай боре убур карда буданд. Албатта дар сатҳи ҷумҳурӣ ва соли 2013. Он вақт, Қосим Раҳбар вазири кишоварзӣ буд ва эълон кард, ки кишвар 1 млн 115 ҳазор тон катошка рӯёндааст. Ҳамчунин тибқи эътирофи ӯ ҳамон сол ба қишвар 50 000 тон картошка аз Покистон ворид шуда буд. Яъне гӯё талаботи кишвар ба картошка ҳудуди 1 млн 200 ҳазор тон аст.
Ин рақам рамзист. Зеро бо шумори хоҷагиҳо дар кишвар баробар аст. Дар кишвар ҳудуди 1 млн-у 200 ҳазор хоҷагӣ вуҷуд дорад ва агар ба ҳарфи Қосим Раҳбар бовар кунем ҳар хоҷагӣ дар соли 2013 тон картошка истеъмол кардааст. 1 тон барои ҳар хоҷагӣ! Барои ҳар нафар 150 кг. Дар ҳоле, ки мутахассисон мегӯянд масрафи картошка дар Тоҷикистон ҳудуди 70 кило дар сол барои як нафар аст.
Дертар мақомот дарк карданд, ки аз ҳад гузарондаанд ва ҳосилро ду баробар поён оварданд. Вале чун бояд ҳар сол раисони ноҳияву вилоят аз афзоиши заминҳои корам ва ҳосили онҳо гузориш диҳанд, дубора рақамҳо шурӯъ ба боло рафтан карданд. Ҳоло он дубора ба миллион тон наздик шудааст. Соли 2016 ҳосил ба 890 000 тон расид ва ҳар сол ноҳияву вилоятҳо аз афзоиши замини корам ва ҳосил хабар медиҳанд.
Тибқи барномаи озуқаворӣ, истеҳсоли 1 млн тон картошка кишварро аз воридоти он бениёз мекунад ва қисми бехатарии барномаи озуқаворӣ таъмин мекунад.
Аммо ҳамагӣ ду ҳафтаи қатъи воидот аз Покистон боис шуд, ки тамоми ин оморҳоро зери суол барад. Қимати картошка ду баробар боло рафт. Фурӯшандаҳои бозорҳои яклухт аз чанд баробар кам шудани воридоти картошка ба бозор хабар медиҳанд.
Хуб, агар 1 млн тон ниёзи кишварро таъмин мекунад ва истеҳсол ҳам ба ин рақам наздик шудааст, пас воридот аз хориҷ набояд аз 10% бештар бошад. Аммо якбора чанд баробар кам шудани картошка дар бозор баъди баста шудани сарҳад ва ду баробар боло рафтани нархи он нишон медиҳад, ки оморҳои мақомт мисли ҳамеша дурӯғанд. Зеро қимат вобаста аз афзоиши талабот боло меравад ва 10% кам шудани мол наметавонад қимати онро ду баробар боло барад.
Аслан оморҳои мақомоти Тоҷикистон ҳамеша бо изофанависӣ таъмин мешавад. Ин нукта борҳо, ҳатто дар расонаҳои давлатӣ, мисли собит шудааст.
Ҳамчунин мақомот ҳамеша даъво мекунанд, ки захираи дусолаи маҳсулоти хӯроквориро доранд. Аммо болоравии 30 дарсадии нархи орд ва 100 дарсадии нархи картошка нишон дод, ки ҳатто захираи якмоҳа вуҷуд надорад. Агар камтарин захира вуҷуд медошт, мақомот метавонистанд онро ба бозор бароварда, аз болоравии нархҳо дар замони воҳима пешгирӣ кунанд, ки мутаассифона ин кор сурат нагирифт.