Ду муҳоҷири тоҷик барои вайрон кардани қоидаи карантин 30 000 ҷарима шуданд
Додгоҳи вилояти Орлови Русия ду муҳоҷири тоҷикро барои вайрон кардани низоми қарантина ҷарима кардааст.
Муҳоҷирон аз Маскав ба вилояти Орлов рафта буданд ва мебоист 14 рӯзро дар гӯшанишинӣ гузаронанд, аммо мардон тавсияҳоро риоя накарданд
Бино ба иттилои дафтари матбуотии додгоҳ ду шаҳрванди Тоҷикистон барои вайрон кардани низоми қарантина ба маблағи 15 ҳазор рублӣ ҷарима карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, муҳоҷирон аз Маскав омада буданд ва мебоист, 14 рӯзро дар танҳоӣ гузаронанд, аммо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро дар ҷои ҷамъиятӣ боздошт карда, пас аз он нисбаташон протоколҳои маъмурӣ тартиб доданд.
Гуфта мешавад, ки қарори суд ҳанӯз эътибори қонунӣ пайдо накардааст ва аз болои он шикоят кардан мумкин аст.
Қаблан, низ хабарҳо дар бораи боздошти як таксирони тоҷик дар Маскав нашр шуд, ки гуфта мешуд, мубталои коронавирус шудааст, аммо дар шаҳр ҳаракат мекард.
Кормандони полис ӯро дар назди хонааш дастгир карданд ва ӯ иқрор шуд, ки гирифтори коронавирус шудааст ва табибон ба ӯ тавсия додаанд, ки то пурра шифо ёфтан аз хона набарояд.