11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Додситонии кулл аз манъи сомонаи «Ахбор»дар Тоҷикистон дастгирӣ кард

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 22 апрел дар як изҳороти вижа аз қарори масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаи «Ахбор” дар қаламрави кишвар пуштибонӣ карда, иддао кардааст, ки сомонаи «Ахбор” аз ҷониби «хадамоти махсус” ва «созмону ташкилотҳое, ки мақсади ноором гардонидани вазъи сиёсиву иҷтимоиро дар кишвари мо доранд” маблағгузорӣ шуда, «мақсад дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазъияти солҳои 90- уми асри гузашта, ки дар натиҷаи он даҳҳо ҳазор шаҳрвандон қурбони ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ гаштанд, бозгардонад.”

Ниҳод ҳамчунин изҳор дошт, ки Додситонии кул ҳанӯз рӯзи 31 декабри соли 2019 «бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Додгоҳи олӣ ариза додааст, ки сомонаи «Ахбор”-ро бандад ва Додгоҳи олӣ низ  рӯзи 18 феврал ин аризаро қонеъ гардондааст.

Дар ҳамин ҳол идораи сомонаи «Ахбор” бо қотеъият иддаоҳои Додситонии кулли Тоҷикистонро рад карда,  ин парванда ва ҳукмро бофта, сохта ва хилофи қонун шуморидааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *