Рубрики Хабарҳо

Кӯмаки ниммилионии ду созмон ба Тоҷикистон

Агентии тавсеа ва ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ва Фонди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид, таҷҳизоти пешгирӣ аз бемории корона ба Тоҷикистон ирсол карданд.

Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин кумакҳо ба унвони бахше аз талоши муштараки Агентии тавсеа ва ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон SDC ва Фонди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид UNICEF барои тақвияти Тоҷикистон ҷиҳати омодасозӣ ва посухгӯӣ ба паҳншавии эҳтимолии бемории корона, ирсол шуд.

Таҷҳизоти муҳофизи шахсӣ ба арзиши 500 ҳазор сомонӣ, ҳазору 863  либоси якбормасраф, 1000 адад дасткаши беҳдоштӣ, 2000 дастгоҳи танаффус, 1500 адад ниқоби тиббӣ, 1500 муҳофизи сурати пластикӣ, 6000 килограм хлор, 2000 қутӣ моеъи зиддиуфуникунанда, 100 адад чароғи ултрабунафш, 1000 кулоҳи якбормасраф, 1000 рӯкаши пояфзоли якбормасраф ва 50 сканери ҳароратӣ аз ҷумла колоҳои ирсолии Швейтсария ва Фонди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *